ПАРЧАМИ МО-ҶИЛВАИ ИҚБОЛИ МО!


                          ПАРЧАМИ МО-ҶИЛВАИ ИҚБОЛИ МО

   Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. Ҳарчанд дар гӯшаю канори шаҳри Берлин задухурдҳо идома мекарданд, аммо барафрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ нишони анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ин аст, ки ҳамасола санаи 24 ноябр дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Ин санаи муқаддас дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳия бо тантана ҷашн гирифта шуд. Нахуст раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар назди Парчами давлатӣ гулчанбар гузошт. Ҳамзамон раиси ноҳия ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, хонаи ободу сарбаландӣ таманно намуд. Қайд гардид, ки ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба руҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ-Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд. Сипас дар ҷамъомади идона хонандагон дар васфи Парчами миллӣ шеърҳои ватандӯстона қироат намуданд, ки мазмуну муҳтавояшон ифодагар аз нақши Парчами миллӣ дар муттаҳидии миллати тоҷик аст. Дар фарҷом ҳунармандони бахши фарҳанг ва хонандагони мактаби бачагонаи санъати ноҳия барномаи рангину ҷолиби фарҳангиро, ки ба васфи Парчами давлатӣ бахшида шуда буд, пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуда, хотири онҳоро болида гардониданд. 24.11.2022

 


Баргаштан
24-11-2022, 14:07