ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН


 Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода имрӯз 29 ноябри соли 2022 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода Анзурат бо сарбозони Дидбонгоҳи сарҳадии №3 "Айвоҷ", воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс вохӯрӣ намуда, вобаста ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар гардидани шароити хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ ва дастгирии мунтазами онҳо суҳбат анҷом дод. Дар ин дидбонгоҳи сарҳадӣ сарбозон аз гӯшаву канори мамлакат шарафмандона хизмат намуда, садоқату самимияти худро нисбат ба давлат ва арзишҳои миллӣ ба воситаи адои хизмати сазовор дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ифода менамоянд. Сарбозон ва роҳбарияти Дидбонгоҳ миннатдории бевоситаи худро ҷиҳати дастгирии доимӣ ба Ҳукумати мамлакат изҳор намуда, бо ифтихор баён доштанд, ки ба Ватан ва ба Пешвои муаззами миллат содиқанд. Ҳамзамон ба сарбозон кумакҳои моддӣ аз ҷумлаи маводҳои гуногуни хӯрока расонида шуд.

 


Баргаштан
30-11-2022, 09:37