ГУЛДУХТАРОНИ «ПАНҶШЕР»


 ГУЛДУХТАРОНИ «ПАНҶШЕР»

   Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов дастаи футбол бо номи «Духтарони футболбоз» ташкил карданд. -Аллакай ин духтарони футболбоз дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ, Душанбе, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Турсунзода, Носири Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Фархор ва Бохтар иштирок карда, ифтихорномаи даставӣ, 1 ҷом, 20 медали биринҷӣ, 20 медали нуқра ва 20 медали «Тилло» оварданд, -иброз намуд муаллими тарбияи ҷисмонӣ Содиқ Исматов. Гурӯҳи «Духтарони Футболбоз» дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футболи байни духтарони 13-сола (Ю-13) рақобат намуда, ҷои аввалро сазовор гардиданд. Аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло низ ҳавасманд гардиданд. Духтарони футболбози муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 Уразова Мафтуна, Имомалиева Дилдора, Абдумуродова Шаҳноза, Исматова Нозанин, Қучқинова Сурайё, Раҳматова Ҷамила, Бобоева Рухшона, Бобоева Севинч, Муродова Турдигул, Тахминаи Баҳром, Саидова Парвина, Сатторова Назира, Бобомуродова Зилола ва Қамбарова Сарвиноз мебошанд. Духтарон дар баробари машғулиятҳо ба бозии футбол инчунин ният доранд, ки бо баҳои аъло хонда ва дар донишкадаҳои олӣ таҳсил намуда, Парчами Ватанашонро баланд бардоранд. Ҳамзамон дар мусобиқаҳои берун аз ҷумҳурӣ иштирок намуда, обрӯ ва эътибори «Футболбоз-духтарон»-ро баланд бардоранд.

Навиди Балх


Баргаштан
8-12-2022, 08:08