7 ДЕКАБР - РӮЗИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ МОЛИЯ


                             7 ДЕКАБР - РӮЗИКОРМАНДОНИРАЁСАТИМОЛИЯ

 Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷрои буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён ба ҳисоб меравад. Раёсати молияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баъд аз таъсис ёфтани Вазорати молия аз соли 1924 дар ноҳия кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар сохтори мазкур айни замон 12 нафар хизматчиёни давлатӣ кор ва фаъолият намуда, ба 125 адад корхонаву ташкилот аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва 11 ташкилоти аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда хизмат мерасонад. Кормандони Раёсати молияи ноҳия бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, сари вақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳими ҷашнӣ тамоми чораҳоро меандешанд. Раёсати молияи ноҳия яке аз сохторҳои муҳим дар пешрафти иқтисоди ноҳия ба шумор меравад. Ин сохтор дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ба афзоиши буҷет, зиёд намудани даромадҳои воқеии аҳолӣ, инкишоф додани молияи давлативу пешбурди сиёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда мусоидат менамояд. Солҳои охир иҷрои буҷети маҳалӣ мунтазам таъмин гардида, дар ноҳия ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ заминаи хуби молиявӣ муҳайё гардидааст. Раёсати молия сиёсати буҷету андозро суботкорона пеш бурда, дар рушди иқтисодиёти ноҳия нақши арзанда дорад. Муътадилии молиявӣ бошад, дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат ба ҳисоб меравад. Бо саҳмгузории бевосита ва арзишманди Раёсати молия дар иқтисодиёти ноҳия умед аст, ки дар оянда ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷумҳурӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Кормандони Раёсати молияро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориашон барору комёбиҳо хоҳонем.

 

 

 

 

 

 


Баргаштан
8-12-2022, 08:20