ВОХӮРИИ МУФИД ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ


 Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи корӣ оид ба фаъолияти бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид. Сар аввал муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оид ба корҳои иҷронашуда дар соҳа суханронӣ намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки кормандони соҳаи фарҳанг соли нави 2023-и мелодиро бо нишондодҳои хубу аъло пешвоз гиранд. Дар идомаи ҷаласа Насиба Латифзода, мудири бахши фарҳанг баромад намуда оид ба фаъолияти фарҳанг дар соли равон ҳисобот дода, масъалаҳои соҳаи фарҳанг, вазъи китобдорӣ, адабиёти тозанашр, таъмини китобдорони деҳот, фаъолияти Осорхона, омода намудани мутахассисони маълумоти олии касбӣ, омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», фаъолияти боғи фарҳангу фароғатӣ, фаъолияти мактаби санъати бачагона ва вазъи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ маълумот дод.

 

 


Баргаштан
12-12-2022, 12:48