«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ» |
«16 РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ЗУРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ» Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» вохӯрии хотирмон бо иштироки занони фаъоли ноҳия доир гардид. Дар ин ҷамъомад яке аз занҳои фаъол собиқадори меҳнат Саодат Аллаёрова суханронӣ намуда, қайд намуд, ки танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила ҳалли масъалаҳои дохили оилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила ғамхорӣ нисбати некуаҳволӣ қобили меҳнати оила сурат мегирад. Қайд гардид, ки пешгирии зӯроварӣ дар оила моро ба саодату хушбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз ин рӯ бояд ҳар яки мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода тавонем. Ҳамчунин иштирокдорон аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёти хеш ёдрас гардида, ҳозиринро ба олами рангини он рӯзҳо ошно намуданд. Худи онҳо низ чун занони фаъол аз фаъолияти корӣ ва пешрафти кори занони имрӯза мисолҳо оварда, таҳсили духтаронро ҳатмӣ шумориданд. Амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеаи мо имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегарданд. Зӯроварии рӯҳӣ дар оила таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир ва ё маҷбуркунӣ ва содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба шахсият оварда мерасонад. Тарбияи оилавӣ як қисми тарбияи ҷамъиятӣ мебошад. Вазифаи оила оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ки онон таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ кунанд, дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд. Андешаҳо ба талаботи мавзӯъҳо ҷавобгӯ буд ва иштирокчиён низ аз ин қаноатманд гардиданд. Дар фарҷом иштирокдорон андешаҳои худро иброз намуда, барои чунин чорабинии муҳим ва вобаста ба «16 рӯзи мубориза алайҳи зуроварии гендерӣ», ки ташкилоти "Оксана" доир гардонид, миннатдорӣ баён намуданд. Фаромўш набояд кард, ки дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳти № 954 аз санаи 19 марти соли 2013 амал мекунад. Ҳадаф аз баргузорӣ ва вохӯрӣ бо ашхоси соҳибэҳтиром - ин падидаест, ки паёми имрӯза чун онҳо пайравӣ намоянд. Баргаштан |
12-12-2022, 13:07 |