ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ |
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 7 декабри соли 2022 дар толори Прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи ноҳия, ШВКД, шуъбаи Кумитаи давлатии амният дар ноҳия, Кумитаи андоз, Раёсати молия, Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳаи тандурустӣ ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ду масъала, ҳолати иҷрои талаботи қонунгузорӣ вобаста ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар ҳудуди ноҳия дар давоми 9 моҳи соли 2022 ва ҳолати иҷрои қонунгузории андоз дар қисмати фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар хотимаи ҷаласа Раиси Шӯро Прокурори ноҳия-Собирзода И.М. дар назди масъулин ва роҳбарони идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта, масъулин баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор карда шуданд. Навиди Балх Баргаштан |
12-12-2022, 13:15 |