НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Сентябрь 2022 года

         Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

   Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхист.  Шоире, ки бо гусазшти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шӯъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолиддини Румӣ осори бое дар ганчинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ гузоштааст. Вай мутафаккири бузурги замонаш буда, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назарявӣ хизмати бузурге дошт.

   Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг мебошад. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Дар арсаи суханварӣ  ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Ӯ инсонро бузургтарин муҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқу ҳамбастагии онҳоро тарғиб менамуд.Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқи ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шоир мутафаккири бузурги асри XIII – и   форсу тоҷик соли 1207 дар Бал таваллуд шуда, дар ҷимодиюлохири соли 672 – и ҳиҷри дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

ФИЛМИ МУСТАНАД «МАВЛОНО НОБИҒАИ МАШРИҚЗАМИН»

   Санаи 28 сентябри соли 2022 Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" дар Хона-музейи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ филми мустанади «Мавлоно нобиғаи машриқзамин» бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ наворбардорӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин чеҳраҳои миллати тоҷик аст, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри Xlll ба адабиёти тоҷику форс такони бузург бахшидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ӯро ҷаҳониён дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Дар ин филми мустанад иштирок намудаанд кормандони Муассисаи давлатии телевизони "Синамо", муаллиф ва барандаи филм Далер Ҳасанзода ва режиссёр Асҳобиддин Низомов.

 

 

      БА ҚАДРИ ЗАҲМАТҲОИ ШАБОНАРӮЗИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БОЯД РАСИД

    Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи тоҷик, мояи ифтихору сарбаландӣ, нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи кишвар мебошад. Раванду руйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи Ватани азизамон сина сипар намоем. Дар давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди тоҷик бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои шараф расидааст. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Мо ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат ҳастем ва хоҳем монд. Пешвои мо - ифтихори мо!

Ғоибназарзода Мирзо Муҳаммадназар, директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

   Санаи 28 сентябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Убайдуллои Файзулло баргузор гардид. Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қодирзода Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуд. Инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ иштирок намуданд.

 

 

ВАТАНРО АЗ НОХАЛАФОН МУҲОФИЗАТ МЕКУНЕМ!

    Ватан-Модар. Агар мо то сесолагӣ аз модар шир нӯшида баҳра бурда калон шавем, баъди он аз обух оку нони Ватан баҳра бурда, ҷавонмард мешавем. Бинобар ин онҳое, ки ба Ворух ба Ватан-Модари мо даст дароз мекунанд, ҷои нангу номус , дифоъ аз модар ва зану фарзанд аст. Модароне, ки чунин ҷавонмардонро тарбия кардаанд ва дар роҳи Ватан-Модар ҷони худро қурбон кардаанд, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонем. Он ҷавонмардон барои осоиши мо ва барои Ватани зебои мо, ки дар як муддати кӯтоҳ ин қадар пешравиҳост ҷонбозиҳо карданд. Дар ашъори шоирон ҳикмати ҷолибе аст, ки хонандаро ба ватандорию ватандӯстӣ даъват мекунад: Ҳанузам зи хурдӣ ба хотир дораш, Ки дар лонаи мокиён бурда даст. Бо минқораш он сон ба сахтӣ газид, Ки ашкам чу хун аз раг он дам дамид. Падар ханда бар гиряам зад, ки хон, Ватандорӣ омӯз аз ин мокиён. Дастдарозӣ бар Ворух ин даст дарозӣ кардан бар модари мо ва бар лонаи мо мебошад. Барои ҳар яки мо фарзу қарз аст, ки Ватанро аз чунин нохалафон муҳофизат кунем! Маҳсуддин ҶОНАКОВ, имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 

 

 

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

   Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили муносибатҳо танҳо дар заминаи ҳуқуқӣ сабаби сулҳ, ваҳдат ва ҳамсоягии нек мегардад. ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар» Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 25 сентябр кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба хатми низои сарҳадиро ба имзо расониданд. Протоколи хатми низоъ дар марзи ду кишварро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо карданд. 

   ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ Андеша:

 Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар ҳайёти ҳаррӯзаи мо ҳар як сонияю дақиқа ҳодисаву воқеаҳои нав рӯй дода аз мо талаб менамояд, ки ба кадом шароите, ки набошад омода бошем. Ин вақт аст ки ба мо довари менамояд, аммо мо онро ҳис намекунем, ки вақти мо ба мисли киштии дар об истода менамояду чун тир меравад. Яъне, муҳимтарин ва қиматтарин неъмати зиндагӣ барои инсон ин вақт аст ва онро бояд ба тавре гузаронид , ки дар оянда бо некӣ ёд шавӣ.

 

      КУМАКИ ЯКВАҚТАИНА БА АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ "ҲОМИЁНИ      ВАТАН"-И НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Санаи 24 сентябри соли 2022 аз тарафи ташкилоту муассиса, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои 25 нафар шаҳрвандоне, ки барои ба эътидол овардани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ихтиёрӣ сафарбар гардиданд, кумаки яквақтаина расонида шуд. Ҷамоати шаҳраки Балх ба ташкилоту муассиса, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва шуъбаву бахшҳои мақомот барои расонидани кумак ва баланд бардоштани руҳияи шаҳрвандони ватандӯст миннатдории худро мерасонад. Ин иқдоми нек аз тарафи дигар ташкилоту шахсони саховатпеша идома дорад.  

 

   Суратгузориш аз рафти ташрифи меҳмонон аз Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Қазоқистон,Ҷаноби Моҳаммад Фаҷроел Раҳман ба Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 26.09.2022

   Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Мулоқот зери роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҷараён гирифта, дар он ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд. Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд. Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад. Зеро тоҷикону қирғизҳо асрҳост, ки дар канори ҳам зиндагӣ доранд.

 

 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Сентябрь 2022    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930