МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Сортировать статьи по: дате | популярности | посещаемости | комментариям | алфавиту

ХАРОБАҲОИ ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ҚАЛЪАИ ЛАҒМОН

Автор: admin от 20-01-2019, 02:39

Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз харобаҳои ёдгории таърихии Ҳалевард (Кофир-қалъа), дар соҳилҳои шарқии Вахш, дар наздикии деҳоти «Узун» ҷойгир шудааст.

Майдони қалъа бо қитъаҳои замин ва боғҳои ба аҳолӣ вобаста буда иҳота карда шудааст. Якумин маротиба маълумот дар бораи ин қалъа соли 1875 пайдо шуда буд. Дар маълумотномаи мушаххас, олимон перомуни гузаргоҳ ба воситаи Вахш дар наздикии харобаҳои қалъаи қадимаи Лағмон на он қадар дуртар аз шаҳри Қӯрғонтеппаи ҳозира ёд кардаанд. Дар харитае, ки ҳамон вақт тартиб дода шуда буд дар соҳилҳои Вахш ду нуқта дар масофаи 2 км дуртар аз якдигар ҷойгир шудаанд, ки яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номгир карда шудаанд.

Мутобиқи майдарезаҳои хиштҳо, қалъа чоркунҷа буд. Қалъа бо 3 қатор деворҳо иҳота карда мешуд, ки то айни замон танҳо хокрезаҳои яке аз онҳо бо манораҳои муҳофизатӣ ва ҳуҷумкунанда боқӣ монданд. Ин аз он дарак медиҳад, ки қалъа бениҳоят устувор буд.

Мутобиқи баъзе маълумотҳо дар ин ҷойҳо купрук аз болои дарёи Вахш мавҷуд буд. Дар гузаргоҳ ду хоктеппаи сунъӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо купрук ва самти дарёчаи саҳроҳои Лағмонро обёрикунанда тасдиқ шуда буданд.

Наздикии қалъа боқимондаҳои манорае намоён мебошад, шояд ин манораи эҳтиётӣ ба ҳисоб мерафт ва тахмин хеле баланд буд.

Тарафи ғарбии Лағмонро дарёи Вахш шустааст, аз ин рӯ танҳо дар бораи майдон ва шакли қалъаи Лағмон метавон сухан гуфт.

Шаҳрак тахмин чоркунҷа буда, майдони боқимондаи он 42, 5 гектарро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин аз се тараф девор ва манораҳои муҳофизатӣ дошт ва шояд аз тарафи дарёи Вахш низ девор мавҷуд буд, вале инро муайян намудан хеле душвор аст.

Майдони умумии боқимондаи деворҳои шаҳрак тақрибан 1, 8 км аст. Дар миёнаи намои шарқӣ дар қитъаи замини хурде девор дутарафа буд, тарафи дуюмаш айни ҳол тақрибан дида намешавад. Шаҳрак чор дарвоза дошт. Дарвозаҳо механизми мураккаб дошта, бо манораҳо мудофиа карда мешуданд. Вале дақиқан муайян нест, ки дар куҷо дарвозаҳо ҷойгир буданд. Дар айни ҳол нишонаҳои дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд.

Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт.

Шаҳрак дар соҳаи кишоварзӣ хеле тараққикарда ба ҳисоб рафта, маркази минтақаи азими кишоварзӣ буд.

Дар соли 1221 шаҳрак аз ҷониби чингизиён забт карда шуда буд.

Адабиёт:

«Фарҳанги асримиёнагии Тоҳиристон», муаллифон Литвинский Б. А., Соловёв В. С.

xx
xx
xx.
xx