НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » БАРОИ ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ДАР ЗИМИСТОН ДАР ҶОЙҲОИ МУАЙЯН ГАНДУМ ПОШИДАНД
январь 28 2023

БАРОИ ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ДАР ЗИМИСТОН ДАР ҶОЙҲОИ МУАЙЯН ГАНДУМ ПОШИДАНД

 

БАРОИ ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ДАР ЗИМИСТОН ДАР ҶОЙҲОИ МУАЙЯН ГАНДУМ ПОШИДАНД

   Имрӯз 16 январи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои ҳифзи саршумори парандагон дар сардии зимистони солҳои 2022-2023 аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва соҳибкорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар талу теппаҳо ва мавзеъҳои наздикӯҳӣ корҳои биотехникӣ анҷом дода шуда, дар ҷойҳои муайян ба миқдори 100 кг гандум ва маккаи дон пошида шуд. Тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хушвахтзода Мақсуд вобаста ба боду ҳаво дар ҳолати зарурӣ чунин корҳо дар дигар мавзеъҳо ва минтақаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки дар нимбиёбонҳои Тоҷикистон ҳар сол садҳо намуди парандагонро дидан мумкин аст, ки баъзеи онҳо муқимӣ буда, дигарашон мавсимй ё роҳгузару кӯчӣ мебошанд. Хусусан, кабки биёбонӣ, сӯфитурғайи пӯпидор, ҷуғз, гунҷишкҳо, магасхӯрак бештар вомехӯранд. Инчунин дар обанбору кӯлу дарёҳои Тоҷикистон шабонапар, лаклаки сиёҳ, қози ҳиндӣ, мурғобии сурх, мурғобии паҳннӯл, мурғобии сафед, кашқалдоқмурғобӣ, қассобак, моҳихӯрак, гунҷишки обии сафедшикам, дурроҷи ало, гунҷишки ҷигарранги обӣ ва ғайра ҳастанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин ва водиҳои кӯҳсори Тоҷикистон бештар ба сӯфитурғайи пӯпидор, гунҷишкхо, саъба, фотимачумчуқ, мусича, аккаи ало, эзорсурхак, тутпухтак, майна, гунҷишкҳои испании саҳроӣ, фароштурук ва булбул вохӯрдан мумкин аст. Дар дашту доманаи кӯҳҳои Тоҷикистон куркурикарок, зоғи кабуд, гунҷишки даштӣ, гунҷишки ало, сӯфитурғайи саҳроӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷангалу даштҳои кӯҳӣ кабк, харкафтар, ҷуғз, шоҳин, аккаи сиёҳ, алошақшақа, зардак, пашшахӯрак, булбул, фотимачумчуқи калон вомехӯранд. Иқлими мусоиди водию дараҳои Тоҷикистон ва фаровонии хӯрок боиси зиёд шудани парандаҳои муқимӣ гаштааст. Ҳоло намудҳои онҳо аз 40 зиёд аст. Онҳо имкон доранд, ки аз баландкӯҳҳо ба дараю водиҳо ва саҳроҳо фаромада, зимистонро гузаронанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд.

Навиди Балх

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 28 январь 2023 08:39
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 490
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930