НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
март 07 2023

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

           ТАҶЛИЛИБОШУКӮҲИРӮЗИМОДАРДАРНОҲИЯИҶАЛОЛИДДИНИБАЛХӢ

           Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола бо фарорасии фасли зебои баҳор 8 март ҳамчун Рӯзи Модар дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосае таҷлил мегардад. Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани ин иди бонувон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Зан- Модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонадон аст. Ба ин муносибат, яъне Рӯзи модар имрӯз 2 марти соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.                                                                                                            Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бонувонро табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия занону духтарон аҳлона меҳнат менамоянд. Ҳоло дар ноҳия аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманду фаъол 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 64 нафар вакилони Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Имрӯз дар ноҳия зиёда аз 500 нафар занони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 4 нафар мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 7 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 1 нафар котиби ҷамоат, 19 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 17 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ ва зиёда аз 400 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Воқеан имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки мураббии наслҳо, сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан ва ҳамшираи шафқатро мебинад. 

  Дар баробари ин мавқеи занонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст. Дар ҷамъомад бархе аз занони роҳбарикунанда ва фаъол баромад намуда, аз дастгирию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон ёдовар шуданд. Сипас занони фаъол бо мукофотҳо қадрдонӣ гардида, барномаи идонаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия иборат аз суруду таронаҳо дар васфи Зан-Модар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

                                                

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: Атабаева Зуҳро
  • Санаи нашр: 07 март 2023 06:03
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 428
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
04 февраль 2023
Асосӣ
Мақоми зан дар партави

Ма қ оми зан дар партави сиёсати давлат Ҷамъи бузургони олам–инсонҳои худогоҳ, ватанхоҳу дилогоҳ, ободкору

Маълумоти бештар
30 сентябрь 2022
Асосӣ
Рӯзи гиромидошти Мавлоно

Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Санаи 30 сентябр Рӯзи гиромидошти

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930