http://balkhi.tj/
ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ МАМНӮЪ- ХАТАР БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
16-09-2020, 07:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ МАМНӮЪ- ХАТАР БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

      Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни навҳузур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард.

      Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои чиддӣ гашт.

      Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17  ташкилоти террористиву экстремистӣ: ”Ҳизб – ут - таҳрир”, “ Ал - қоида”, “ Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”,  “Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”- и Афғонистон, “ Бародарони мусалмон” – и Миср, “Лашкари Тайиба”-и Покистон , “ Ҷомеаи исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “ Созмони таблиғоти”, “Тоҷикистони озод”,  “Ҷамоати ансоруллоҳ”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “ДОИШ” ва “Ҷабҳат – ан – нусра” манъ карда шудааст.

      Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – ноором  кардани авзои сиёсии давлатҳо, сӯистифода аз бовариҳои динӣ, ба вуҷуд овардани тафриқаи иҷтимоӣ, мубориза ба фарҳангу асолати қадимаи миллатҳо, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шӯронидани онҳо , бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафкани, фиребу фирта кардани ҷомеа ва ғайра. Пайёмади амалҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аллакай тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ваҳшатзада кардааст- таркиш дар кучаҳо, бозорҳо, даруни нақлиёт ва ҳатто дохилу минбари масҷидҳо.

       Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз- таъмини амнияти минтақавӣ ва маллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм экстремизм ин ҳодисаҳои номатлуб марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992- 1997 мебошанд. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кудакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба   ҳалокат расиданд. Миллионҳо нафар гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гуруҳҳои ифротӣ афтода, нобуд  гардиданд. Иқтисодиёти кишвар ба сифр баробар шуд, умеди ҷомеа аз ояндаи босаодату дурахшон канда шуда, халқ сарсону саргардон ва гуреза гашт, одамкуши ба мисли куштани чорво ба як амалӣ маъмулӣ табдил ёфт.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ЭмомалӣРаҳмон  моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳони хатарҳои он ба Истиқлолияти давлатӣ ҳануз соли 2006 дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомаеи ҷаҳонӣ ва хосса миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳоро барои аз нав таксим намудани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифродгароии динӣ, ҷангу куштор ( киббертерроризм) инқилобҳои ранга, терроризмӣ генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқибайналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, бохабар сохта буданд.

       Имрӯз аксарияти ҷавонони мо ҳушёру зирак ва аз авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ бохабаранд. Зимнан, ҷавонон бояд донанд, ки таъсису дастгирии чунин гуруҳҳо дар хориҷӣ кишвар бо мақсади заиф сохтани пояҳои Истиқлолияти Тоҷикистон равона шудааст ва  ҳамчун фарзандони баномуси Ватан ҳеҷ гоҳ  ба ин роҳ надиҳанд. Ҷавонони саодатманди тоҷик, ки дар фазои сулҳу оромӣ кору зиндагӣ ва таҳсил карда истодаанд, бояд бо шукргузорӣ дар пайи ватандӯстӣ бошанд  ва ба иғвову дассисаҳои миллаткуши ин хоинону асолатбохтагон дода нашаванд. 

      Дар охир месазад қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик  манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.

скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.