НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » 18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
сентябрь 04 2023

18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

   Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август таҷлил карда мешавад. Дар ин робита имрӯз 18 августи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Холов Азизулло, сартабиби беморхонаи марказӣ Қурбонов Ниёзмаҳмад ва кормандони соҳаи тандурустӣ Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд. Нахуст муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо тамоми кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки табиб аз лиҳози тафаккур бояд дили пок, андешаи солим ва дасти сабуки равонбахш дошта бошад. Дар замони муосир нақши соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ гардида, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат аз он шаҳодат медиҳад. Зеро заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа пеш аз ҳама ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад. Имрӯзҳо кишварҳои пешрафтаи олам байни худ танҳо дар ин арса равобити густурда доранд. Дар ин самт ҳадафи асосии сиёсати давлатро фароҳам овардани шароит барои рушду инкишофи соҳаи тиб ва ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ташкил медиҳад. -Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон соли 1995 санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид. Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуд, - зикр дошт Сангализода Қумриниссо. Сипас Холов Азизулло, роҳбари шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия суханронӣ намуда, табибонро ҳамчун пайравони асили Синои бузург маънидод кард ва иброз намуд, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбаи сироятӣ ва ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо технологияҳои иноватсионӣ ба маблағи 297 ҳазору 52 сомонӣ таъмин гардид. Ба Маркази стоматология низ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои безараргардонии сироятӣ (гепатитҳои вируси В, С ва ВНМО) 1 адад дастгоҳи муосири безараргардонии буғӣ (автоклав 100 л) таъмин гардидааст, ки сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда ва кори табибонро боз ҳам осон гародонид. Дар фарҷоми чорабинӣ кормандон ва собиқадорони соҳаи тиб барои хизматҳои бисёрсолаи софдилона дар соҳа, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии коллектив, бахшида ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбӣ «Рӯзи кормандони соҳаи тиб» ва 90-солагии иттифоқҳои касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 август 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
18 АВГУСТ - РӮЗИ

18 АВГУСТ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август таҷлил

Маълумоти бештар
26 август 2022
Асосӣ / Тандурустӣ
18 - август Рӯзи

Ҳ амасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 - уми август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930