Календар
«    Февраль 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
НАҚШИ ИНСТИТУТҲОИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РАВАНДИ МУҚОВИМАТ БО коррупсия
3-02-2021, 06:19 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия

   Коррупсия ҳамчун кирдори зидди ҳуқуқи ва ба ҷамъият хавфнок буда ҳамчун омили муҳими заифкунандаи сутуни давлату иқтисодиёт, амнияти иқтисодии давлат ва пешравию тараққиёти истеҳсолот, беадолатии иҷтимоиро, ба миён оварда  муборизааш хело муҳим гардидааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро низ проблемаҳои коррупсия ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир дар сарсухани Конвенсияи СММ  қайд карда шудааст, ки  коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад. Бояд қайд кард, ки яке аз қисмҳои таркибии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин муқовимат бо коррупсия буда, иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагӣ дорад. Муқовимат бо коррупсия ин фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати ошкору пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миёномадаи ҳолатҳои ба коррупсионӣ мусоидаткунанда буда, ҳолатҳои ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионидошта ва бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар бар гирифта,  баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёти давлат ва таъмин намудани амнияти кишвар равона карда мешавад. 

    Омилҳои коррупсионӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамчун як омили муҳими заифкунандаи сутуни давлат ва амнияти иқтисодии давлатҳо аз замонҳои пеш арзи ҳасти намудааст. Мақомотҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз аввали пайдоиши ин қонунвайронкунӣ  мубориза бурда истодаанд. Дар миқёси ҷаҳон коррупсия яке аз ҷиноятҳои вазнин эътироф шудааст, ки он метавонад ба рушди суботи иҷтимоию иқтисодии  давлат зарар расонад. Ин масъалаи мазкурро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардида ва дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат бо коррупсияро чораандешӣ намудааст. Санаи 25 сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқи дар сатҳи байналмилалӣ оиди муқовимат бо коррупсия мебошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» аз 21 июли соли 1999 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 11 декабри соли 1999, ки бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ қонуни мазкур дар таҳрири нав 25 июли соли 2005 қабул карда шуд, санадҳои ҳуқуқии миллӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мебошанд. Ҳамчунин Стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 тасдиқ шудааст, қабул гардида, баҳри пешгирӣ ва бартараф кардани ин кирдори зидди ҳуқуқӣ равона карда шудааст. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии миллӣ, ки ҳамчун асосҳои ҳуқуқи мебошанд, баҳри ошкорсозӣ пешгирӣ ва бартараф намудани коррупсия ва омилҳои коррупсионӣ муқовимат бо ин кирдори зидди ҳуқуқи аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти ваколатдори махсусгардонидашуда оид ба мубориза бо коррупсия ва дигар институтҳои ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия мебошад. Чунки масоили коррупсия имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳамчун сарчашмаи асосии бавуҷудоварандаи беадолатии иҷтимоӣ хавфи тараққиёти миллӣ, заифкунандаи соҳаҳои иқтисодиёт ва тараққиёти истеҳсолот буда метавонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин кирдори зидди ҳуқуқӣ ва падидаи номатлуби ҷаҳонгир, метавонад беадолатии иҷтимоиро аз байн барад. Чунки яке аз асосҳои пайдоиши нобаробариҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа буда, ҳатто ба рушду инкишофи истеҳсолот, аз байн бурдани суботи иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат оварда мерасонад. Муқовимат ба ин кирдор фаъолияти дастаҷамъонаро талаб мекунад. Бояд бар зидди он бомасъулияти баланди шаҳрвандӣ мубориза бурд. Пеш аз ҳама фаҳмиш ва дарки масъулият бо ин кирдори зидди ҳуқуқиро пурзӯр кард. Маърифати ҳуқуқии шаҳрванд ва дарку фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон оиди муқовимат бо коррупсия ва бурдани корҳо дар байни шаҳрвандон оиди муқовимат бо коррупсия метавонад, заминаи хубе дар роҳи муқовимат бо коррупсия гардад. Бинобар ин, риояи ҳатмии қонунҳои зикргардида ва саҳм гузоштан дар роҳи таъмини волоияти қонун ва муқовимати ҷиддӣ бо коррусия намегузорад, ки коррупсия дар ҷомеа реша давонад. 

Шамсиддин  Имадов,  

ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳия   

скачать dle 12.1
Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.