Календар
«    Февраль 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯ
3-02-2021, 15:23 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ

ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯ

   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шинос шудан аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ноҳия ташриф оварданд. 

  Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноташон гуногун, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҷараён доранд, дидан намуданд. 

   Корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Балх, ки масоҳаташ беш аз 26 гектарро ташкил медиҳад, хуб ҷараён доранд. Дар ин ҷо муассисаҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иморатҳо сохта мешаванд. 

  Тибқи лоиҳаи шаҳрак дар ин мавзеъ ҳамчунин муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ ва Осорхонаи Мавлоно ҷойгир карда шуда, дар атрофи он гулгашт барои фароғати сокинону сайёҳон бунёд мегардад. 

  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон ба соҳибкорону сохтмончиён барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ арзи сипос намуданд. 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  дар ин рӣз ҳамчунин аз раванди сохтмони бинои идораи матбаа ва рӣзномаи «Навиди Балх» боздид намуданд. 

   Дар ин бинои чорошёна, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёд шуда истодааст, китобхона, осорхона, матбаа ва рӣзномаи «Навиди Балх» ҷой дода мешавад. 

  Дар анҷоми сафари корӣ  ба  шахсони  масъул барои бо сифати баланд  анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншоотҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 
скачать dle 12.1
Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.