НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » 1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!
апрель 02 2024

1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!

                                                         1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ!

           Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1 апрел мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад. Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ аз маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами миллӣ то назди Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ намуданд. Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон довталабона хизмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ихтиёр намуданд, изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд. -Хизмат кардан ба Ватан - Модар бояд барои ҳар яки Шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст.  

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд, - иброз дошт раиси ноҳия. Модари яке аз даъватшавандагон дар суханронии хеш аз зиёд шудани теъдоди ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки солҳои охир афзудани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст. Сипас муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ дар баромади худ қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии Шумо мебинанд.

 Итминон дорем, ки қарзи худро бо сари баланд дар назди Модар - Ватан адо хоҳед кард. Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия умумӣ 130 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ба хизмати аскарӣ сафарбар гардиданд. Дар ин рӯз наваскароне, ки курси ронандагиро хатм намуда буданд, ба онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ супурда шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба чор нафар даъватшудагон тариқи ройгон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. Дар чорабинӣ тибқи анъанаи миллӣ барои даъватшавандагон маросими нонгазон доир гардида, дастархони идона низ ороста шуд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
25 ноябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ

ТА Ҷ ЛИЛИ Р Ӯ ЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ Ҷ УМ Ҳ УРИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Бахшида ба иди Рӯзи

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930