Оғози кишти пунбадона
Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.
Ин аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия кишти пунбадона оғоз гардида, то ба имрӯз бомаром идома дорад. Аз ҷумла заҳматкашони кооперативи истеҳсолии ба номи Турахон Эсанқулов аз аввалинҳо шуда кишти пунбадонаро оғоз намуданд.
Кооперативи истеҳсолии ба номи Турахон Эсанқулов имсол дар майдони 250 гектар тухми навъи туркии «АНБ-123»-ро кишт намуда истодаанд.
Пахтакорони хоҷагии болозикр ният доранд, ки бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ ва вазъи мусоиди боду ҳаво дурнамои кишти пахтаро сари вақт иҷро намоянд.