http://balkhi.tj/
ЗАБОН ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ
5-10-2021, 11:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

         Иди забонро бузургтарин руйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Вақеан, ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муошират мекунанд, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. 

      Ин аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ  таҷлил мегардад.

       Ба ин хотир санаи 5 октябри дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конфронси илми-амалӣ бахшида ба ифтихори Рӯзи забон таҳти унвони «Забон ҳастии миллат» баргузор гардид. 

     Сараввал мушовири шуъбаи маориф Омина Шамсуллоева суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ забони миллат ҳамчун пояи давлат маҳсуб мешавад.

      Дар навбати худ омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик Сафармоҳ Гадоева, Роза Гулова, Амонхуҷа Машрабов ва Қурбоналӣ Шукронов дар боби ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.

Сипас хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №1, №2, №5, №9 ва №61, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ порчаҳои шеърӣ дар васфи забону забоншиносӣ шеърҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро шод гардониданд.


    Кароматулло Садиров, роҳбари маҳфили адабии «Мавлоно»

скачать dle 12.1
Просмотров: 6  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.