http://balkhi.tj/
ОМУЗГОРӢ ПЕШАИ БАСО МУШКИЛУ ПУРМАСЪУЛИЯТ АСТ…
2-02-2020, 19:39 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
Омӯзгорӣ пешаи басо мушкилу пурмасъулият ва дар баробари ин касби пуршарафу пурифтихор низ ҳаст. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданаш дар сиёсати  худ соҳаи маорифро дар ҷои аввал гузошт. Бояд қайд намоям, ки ман аз аввалин духтарони даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошам, ки пешаи омӯзгориро интихоб намудам. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ками дар кам духтарон ба ин касб кор мекарданд. Зеро ҷумҳурии мо зери хатар қарор дошт. Ҳар хел кашмакашиҳо ба вуҷуд пайваст. Муассисаҳои таълимӣ баста шуд. Баъзан хонандагон ва омӯзгорон гуреза шуданд. Ду қисмат одамон моро таҳдид мекарданд. Ман ва оилаамон низ гуреза гаштем. Дар гурезагӣ фаҳмидам, ки Ватан ва ватандорӣ чист?. Ҳарчанд ки ман узбектабор бошам ҳам, Тоҷикистон ватанам асту бо ин Ватани биҳиштосоям ифтихор мекунам. Моро дар Узбекистон хуш пазироӣ мекарданд. Дидан замон моро тоҷикдухтар мегуфтанд. Пайваста назди оинаи нилгун менишастам, то аз вазъи Тоҷикистон бохабар шавам. Ҳар боре ки номи Тоҷикистонро ровиёни телевизион ба забон мегирифтанд, чашмонам пуроб мегардиду гиря гулугирам мекард. Дар хона нишастан бароям бори гарон буд.
- Боре дар оинаи нилгун сесияи XVI-уми Шӯрои Олиро нишон доданд. Аз ин гузориши шабакаи «Ёшлар» фаҳмидам, ки тамоми сохтори роҳбарияти ҳукумат иваз гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омадааст. Ин барои мани духтари музофотӣ як хурсандии беҳамто буд. Зеро ӯ зимни баромадаш гуфт, ки: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва «То ҳама гурезае, ки берун аз ҷумҳурист ба Ватан барнагардонам, худро ором намегузорам». Ҳамон вақт фаҳмидам, ки сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона ваъда медиҳад. Баъди се моҳ ба Ватан баргаштем. Вақте баргаштем ман хоки ватанамро бӯса карда ашки шодӣ рехтам.
Албатта, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия он вақт чӣ пастию баландиеро надид. Баъзан хонандагону омӯзгорон вобаста ба шароити номусанд, муассисаҳои таълимиро тарк карданд. Хушбахтона, сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат рӯз ба рӯз ба омӯзгорон беҳбудӣ бахшид. Онҳоро ба пешаи худ дилгарм намуд. Сол то сол мактабу муассисаҳои замонавӣ қомат афрохтанд. Омӯзгор қадри воло ёфт... Дар муқоиса ба он солҳо, соҳаи маориф хеле рушд кардааст. Маоши кормандони соҳа 60-фисад сол то сол зиёд гардидааст. Дар тӯли ин солҳо таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, ҳазорҳо синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки ба пешрафти донишомӯзӣ ва рафти таълиму тарбия мусоидат мекунад.
«Омӯзгор оинаро мемонад, ки тавассути он хонанда ба ҳаёт менигарад», - фармудааст бузургворе. Дар ҳақиқат ҳар як инсон бо шарофати «Устод» дар ҷамъият мавқеи худро меёбад. Омӯзгор ба хонанда, волидайн, аҳли ҷамъият таъсири бузург гузошта, барои пешрафти таълиму тарбия ва ташаккули насли наврас нақши созгор мегузорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои мунокишаҳои дохилӣ рафтори аксарияти насли наврас коста гардида ба гушаи фаромӯшӣ рафта буд. Аз ин лиҳоз омӯзгор душворӣ мекашид, ки сабабҳои худро дошт. Падару модар дар ин вазъияти душвори зиндагӣ аз паси қутти лоямут овораю сарсон гашта, ба тарбияи фарзанд намерасид. Ҳарчанд омӯзгор мекушид раванди тарбияро ба даст гирад, вале насли наврас гуш намекард. Ҳамаи инро коршиносони соҳа ба инобат гирифта, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия намуда, пешниҳоди мардуми кишвар гардонид ва аз тарафи мардум хуш пазируфта шуд, ки имрӯз ин қонун паи амал аст. Ҳашт сол мешавад, ки қонуни мазкур ҳамчун санади меъёри ҳуқуқӣ амал карда истодааст.
Мутаассифона ҳоло ҳам баъзе падару модарон ба умқи қонун сарфаҳм нарафтанд. Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, зини донишомӯзии хонандагон, маълум мегардад, ки баъзе падару модарон ба он андешаеянд, ки таълиму тарбия ба дӯши омӯзгорон ҳаст, ки ин маҳз хатост. Зеро аз қонуни мазкур бехабаранд. Ҳамин хунукназарии онҳост, ки фарзандонашон ба корҳои ношоиста даст мезананд.
Имрӯзҳо баҳри татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар гимназияи давлати комиссияи ҷамъиятӣ мавриди амал қарор дорад, ки ба пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳодисаҳои нохуши муассисавӣ мусоидат мекунад.
Дайл Карнегӣ дар асари худ «Оини дӯштёбӣ» менависад: - «Агар дар ниҳоди шахсе шарораи тарбияро андӯхта тавонӣ гӯиё дунёро тарбия кардӣ ва агар ҳунари тарбия кардан надошта бошӣ дар ин дунё беҳуда қадам мезанӣ».
Ман ҳамчун як омӯзгор, ҳамчун зан-модар пешниҳод мекунам, ба таълиму тарбияи фарзанд назорати қатъи барем, зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти онҳост. Тарбияи солим ҷомеаи солим аст.         
                            
                             Хосият Маматова 
муовини директор оид ба 
тарбияи гимназияи давлатӣ
скачать dle 12.1
Просмотров: 112  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.