http://balkhi.tj/
27-08-2020, 07:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Интихобот - муҳимтарин маъракаи сиёсӣ 

        Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки гурӯҳи кории комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

     Дар семинар гурӯҳи кории Комиссияи марказӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират -…, Сафарбекзода Муиддин -доцент, декани факултети донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Ғуломов Меҳроч –роҳбари гурӯҳи ҷавонони авангарди вилояти Хатлон иштирок намуданд.

         Хидирзода Махфират иброз дошт, ки интихобот - муҳимтарин маъракаи сиёсӣ буда, он бояд дар сатҳи баланд баргузор карда шавад. Аз ин рӯ аъзои комиссияҳоро зарур аст , ки дар ин сатҳ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро хуб ба роҳ монанд. 

       Дар  семинар омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ваколати комиссияи интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, тартиби овоздиҳӣ, ҷадвали навбатдорон дар ҳавзаи интихоботӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, овезаҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба интихоботи дар пеш истода мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Нозанин ШОДИЕВА
Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)
27-08-2020, 07:38 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

АРЗИ  СИПОСУ МИННАТДОРӢ 

БА ҚАҲРАМОНОНИ  САФЕДПӯШ

      Ҳашт моҳ мешавад,  ки  кишварҳои ҷаҳон   бар  зидди бемории  Covid-19  мубориза бурда истодаанд. То имрӯз миллионҳо нафар  ба ин беморӣ  гирифтор шуда,  садҳо ҳазор одамон  ҷони худро  аз  даст доданд. Мутаассифона,  қадами номубораки коронавируси нави Covid-19  ба ҷумҳурии мо низ  расида, ба садҳо тан аз ҳамватанонамон сироят кард. Имрӯз  дар хатти пеши мубориза бар муқобили ин беморӣ  табибон қарор   доранд. Онҳо ҷони  худро зери хатар гузошта, барои наҷоти ҷони  дигарон талош  меварзанд.  Табибони ҳозиқ рисолати касбӣ ва инсонии худро иҷро намуда, баҳри ҳифзи саломатии сокинон  кӯшиш намуда  истодаанд. Духтурони ноҳияи мо низ чун дигар ҳамкасбонашон аз  ин   имтиҳони вазнин   бо  сарбаландӣ гузашта  истодаанд…  

Просмотров: 34  |  Комментариев: (0)
25-08-2020, 14:50 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР САМТИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ


         Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки худ пур аз таззоду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши терроризму экстремизм, ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон воқеан ҷойи нигаронист.

       Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳад.

        Ба таври махсус таъкид бояд дошт, ки нисбат додани терроризму эктремизм ба дини ислом ва шариати исломӣ, ривоят овардан аз ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ва ҳамчун далел асоснок намудани амалҳои ифротӣ ё ба ҳар навъе алоқаманд донистани ин омилҳои номатлубу нанговар ба дину мазҳаб хатои бузург аст. Терроризму эктремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд анҷом медиҳанд.

       Бояд гуфт ки дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои он миллат дар сурате пирӯз шуда метавонад, ки агар аксарияти аҳолии кишвар маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангӣ дошта, пеш аз ҳама, дар риояи меъёрҳои қонун ва нишон додани амалҳои шоистаи инсонӣ ҳар яке намуна бошанд.
Просмотров: 37  |  Комментариев: (0)
24-08-2020, 02:42 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- ВАБОИ АСР

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои ҳамасолаи худ, доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм-экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидаи вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Дар ҳақиқат, ин ҳолатро дар Шарқи наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст. Фаъолшавии онҳо дар ҳамсоя кишваримо Афғонистон низ вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Ҷангиёни «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, саругӯши биниашонро мебуранд. Ҳатто, мошоҳиди он шудаем, ки ҷанги «Давлати исломӣ» модари худро ҳам дар назди оммаи одамон ба қатл расондааст, ки ин ваҳшоният чеҳраи аслии ҷангиёни ин давлатро нишон додааст.

Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)
21-08-2020, 13:47 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОҒОЗИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

    Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дуввумин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бо сарпарастии Муассисаи Муҳаммад  бин Рошид  барои  корҳои хайриявӣ ва башардӯстонаи Аморати  Мутаҳидаи  Араб сохта  мешавад.  

    Дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони муассисаи таълимӣ  намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон»,   муовинони раиси  ноҳия, масъулони соҳаи маориф  ва сокинон иштирок  доштанд.

         Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ барои кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  мешавад. Муассисаи  таълимӣ  аз ду  ошёна   ва даҳ  синфхона иборат буда, бо шароити муосири таълими сохта шуда,  дар ду  баст 480  нафар хонандаро  ба таълиму тарбия фаро хоҳад гирифт. Ҳамчунин,  дар  муассиса хобгоҳ  барои 105 нафар  бо тамоми шароити зист  пешбинӣ шудааст. 

        Маблағи лоиҳавии  сохтмони муассисаи таълимӣ  нӯҳ миллион сомониро дар бар гирифта,  аз ҷониби Муассисаи Муҳаммад  бин Рошид барои  корҳои хайриявӣ ва башардӯстонаи Аморати  Мутаҳидаи  Араб маблағгузорӣ  карда мешавад. 

       Ёдовар мешавем, ки ин дуввумин муассисаи таълимӣ мебошад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ   аз ҷониби  Ташкилоти мазкур  сохта мешавад. Қаблан дар Ҷамоати деҳоти  Узун  як муассисаи  таълимӣ  сохташуда  буд.

Абдусаид ГУЛОВ


Просмотров: 28  |  Комментариев: (0)
21-08-2020, 13:28 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ

ХАТАРЗОРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ

         Имрӯзҳо зуҳуроти номатлуби терроризму экстримизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, он дар саросари олам ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст. Сабаби ифротгароӣ ва терроризми исломӣ ном гирифтани ин падидаи хатарзо дар он мебошад, ки иддае аз гурӯҳҳои ҷинояткору худхоҳ ва аз асли ислом бегона ба мисли ҷараёнҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, Ҳизб-ут-таҳир, Ҳизбуллоҳ, Ал-қоида, Салафия ва ғайра ҷиҳати татбиқи ғаразҳои сиёсии худ аз шиорҳои исломӣ истифода мебаранд. Онҳо даъвои пуштибонӣ аз ислом ва мусалмононро пеш оварда, аслан барои амалӣ сохтани ҳадафҳо ва ғаразҳои сиёсии худ ва хоҷагони хориҷиашон талош менамоянд. Ташкили ҳизбу ҳаракатҳо зери ливои ислом саросар шарру иғво аст. Пайравӣ ба маҳзаби ҳанафӣ ин беҳтарин ва ботаҳаммултарин усули бартараф намудани чунин тундравиҳо ва зиёдаравиҳост. 

         ДИИШ ҳосили сиёсатҳои номашруъи давлатҳои манфиатхоҳ мебошад, ки имрӯз ба мушкили рақами яки ҷаҳон табдил шудааст. Як чиз мусаллам аст, ки ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳо пайваста, қобилияти таҳлил кардани авзоъ ва шинохтани воқеияти ин ҳаракатро надоранд. Бидуни он, ки анҷоми масири ДИИШ  тамоюл ба бунбаст,  ё бо забони ба аксарияти онҳо фаҳмо «тупик» дорад. 
Просмотров: 24  |  Комментариев: (0)
20-08-2020, 09:26 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СЕМИНАР ТАҲТИ УНВОНИ «ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲОИ ЗАМИН ВА ОБ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»

        Санаи 19 августи соли 2020 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи ҷумҳуриявии фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2020 Кумитаи иҷроияи Ҳаракат дар моҳи августи соли 2020 бо иштироки намояндагони Шӯрои кӯҳансолон,  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи “Истифодаи самараноки захираҳои замин ва об дар соҳаи кишоварзӣ” баргузор гардид.

         Дар кори семинар муовини Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, муовинони соҳаи кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва рисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

         Инчунин дар семинар муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баромад намуда, қайд намуданд, ки истифодабирии захираҳои замин ва обро оқилона истифода намуда, аз ҳар як ваҷаб замин гирифтани ду се ҳосил ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.


Просмотров: 32  |  Комментариев: (0)
20-08-2020, 09:25 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 

      Рӯзи 18 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамъомади  идона доир гардид.

    Раиси  ноҳия Убайдуллои Файзулло табибонро бо иди касбиашон табрик намуда, саҳми онҳоро дар ҳифзи солимии ҷомеа бузург арзёбӣ намуда, барои заҳматҳои шабонарӯзии табибон,  махсусан онҳое, ки дар ин айём ба табобати беморони Covib-19 машғуланд,  изҳори  сипосу миннатдорӣ  баён кард.    

        Соҳаи тандурустӣ дар сиёсати  пешгирифтаи Роҳбарияти Олии  мамлакат  мавқеи хосса дошта, баҳри рушди соҳа ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони тиб  пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд. Сохта ба истифода додани муассисаҳои замонавии тандурустӣ, беҳтар гардиднаи шароити хизматрасонии тиббӣ вабаланд бардоштани музди меҳнати духтурон исботи гуфтаҳои болост, -зикр намуд раиси ноҳия. 

     Давлатмурод  Назаров, муовини сартабиби ноҳия дар суханронии худ  қайд кард, ки  духтурони ноҳия дар пайравӣ  аз ташаббусҳои созандаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайи адои вазифаи  пуршараф буда,  баҳри  ҳифзи  саломатии сокинони   ноҳия  заҳмат мекашанд.  –Маҳз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз ба мо табибон шароити мусоиди кор ва дорувориву дигар лавозимот барои табобати беморон таъмин карда шудаанд,-иброз дошт Д. Назаров.

        Дар  ҷамъомад ба кормандони  соҳаи тандурустии ноҳия,  ки пайи адои рисолати касбӣ  ба комёбиҳо сазовор  гаштаанд, Ифтихонома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон,   раиси ноҳия,  сохтори госпиталии ноҳия ва шуъбаи маориф тақдим карда шуд.


Абдухолиқ  РОЗИҚОВ

Просмотров: 45  |  Комментариев: (0)
18-08-2020, 15:09 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАБРИКОТИ  РАИСИ НОҲИЯИ   ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ 

МУҲТАРАМ УБАЙДУЛЛОИ ФАЙЗУЛЛО БАХШИДА БА 

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ


   Муҳтарам кормандони соҳаи тиб

   ҳозирини арҷманд!

  

       Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваафзалиятнок эълон шудани соҳаи тандурустӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат рушди соҳаи тандурустӣ бамаротиб таъмин гардид. Ин пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи солимии аҳолӣ сарчашма гирифта, аз татбиқи босамари Стратегия ва Барномаҳоисоҳаи тандурустӣ башорат медиҳад. 

        Мусаллам аст, ки имруз ҳадафи асосии роҳбарияти олии сиёсии кишвар бо роҳи тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳоли, беҳтар гардонидани нишондиҳандаи дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи бемориҳо, маъюбӣ, фавти модару кудак, пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббию санитарӣ мебошад. 
Просмотров: 37  |  Комментариев: (0)
18-08-2020, 14:36 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КОНФЕРЕНСИЯИ 13-УМИ ҒАЙРИНАВБАТӢ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.


         Санаи 18 августи соли 2020 дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки 221 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии ноҳия Конференсияи 13-уми  ғайринавбатӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндаи КИМ ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад Султон, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бозорова Зебо иштирок доштанд. Дар ҷараёни Конференсия масъалаҳо вобаста ба омодагии ташкилотҳои ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Просмотров: 32  |  Комментариев: (0)