Захираи 275 метри мукааб маводи зидди лағжиш
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ситоди фаврӣ ташкил намуда, рафти иҷрои корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд.
Сиёсати Пешвои миллат–роҳнамои ҷавонон аст
Ин ҷаҳон кӯҳасту феъли мо нидо,
Аз нидо ояд ба сӯйи мо садо.
Ҷалолиддини Балхӣ
Боин таъкидҳои инсонпарваронаи Мавлонобояд қайд намоям, киҷаҳони имрӯза, ки масъалаҳои глобалии зиёддорад, аз мо, ҷавонон, дурандешииҳамаҷонибаро тақозо менамояд.
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ
САБЗАВОТ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ бомаром идома дорад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия аз аввали соли 2020 то рӯзи 1 декабри соли 2020 дар ноҳия ба миқдори 23 523 тонна ҳосили сабзавот рӯёнида шудааст. Аз ин миқдор6 580 тонна сабзӣ, 787 тонна карам, 2875,9 тонна помидор ва 2464,2 тонна бодиринг мебошад, ки айни замон ҷамъоварии ин сабзавотҳоидома дорад. Нисбат ба соли 2019истеҳсоли сабзӣ 747 тонна, карам 45,7 тонна, помидор 396,7 тонна ва бодиринг 776,2 тонна зиёд мебошад.
НЕРУИ БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕМ
Санаи 16 декабр раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд. Сироҷиддин Икромӣ супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимон ва оилаҳои ниёзманд, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқро ба самти фаъолони ноҳия расонид. Махсус қайд карда шуд, ки ҳар як сокини кишвар бояд, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ неруи барқро оқилона ва сарфакорона истифода намояд. Таъкид карда шуд, ки аз ҳисоби фаъолон гурӯҳҳои таблиѓотӣ таъсис дода шуда, дар байни сокинон доир ба ин масъалаи муҳим корҳои фаҳмондадиҳи ба роҳмонда шавад.
Раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло низ доир ба ин масъала суханронӣ намуда, сокинони ноҳияро ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва саривақт супоридани маблаѓи истифодаи неруи барқ даъват намуд.
Абдухолиқ РОЗИқОВ
АЗМИ ШИНОНИДАНИ25 ҲАЗОР БЕХ НИҲОЛ
Имсол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад. Дар ин бора Мақсуд Хушвахтзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия хабар дод.
Тибқи иттилои Мақсуд Хушвахтзода дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 17 ҳазор бех ниҳоли сояафкан,4300 бех ниҳоли ҳамешасабз ва 3700 бех ниҳоли ороишӣ шинонида мешавад, ки дар маҷмӯъ 25 ҳазор бехро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо дар ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дошта, сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани маҳалли зисти худ ташаббус нишон дода истодаанд. Аз ҷумла, сокини деҳаи Учқуни Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Пирумшоҳ Обидов барои сарсабз намудани деҳа 200 ниҳоли ҳамешасабз харидорӣ намуда, дар якҷоягӣ бо ҳамдеҳагонаш дар шафати роҳи байни деҳа ниҳолонро шинониданд.
Ҳамчунин, сокини дигари деҳаи Учқуни Ҷамоати деҳоти Ҳалевард Сайраҳмон Абдураҳмонов дар пайравӣ аз иқдомҳои ободкорӣ ва созандагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби пасандози худ ба маблаѓи 40 ҳазор сомонӣ гирду атрофи оромгоҳи деҳаро бо хишти сементӣ деворнамуда, дар атрофи он ниҳолони сояафкан шинониданд.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия то 12 декабр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 2 ҳазору 500 бех ниҳол, аз ҷумла 700 бех ниҳоли сояафкан, 1 ҳазору 500 бех ниҳоли ҳамешасабз ва 300 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шудааст.
Абдухолиқ РОЗИҚОВ
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ
САБЗАВОТ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД
Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ бо маром идома дорад.
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии ноҳия аз аввали соли 2020то 1 декабри соли 2020 дар ноҳия ба миқдори 23 523 тонна ҳосили сабзавот рӯёнида шудааст. Аз ин миқдор6 580 тонна сабзӣ, 787 тонна карам, 2875,9 тонна помидор ва 2464,2 тонна бодиринг мебошад, ки айни замон ҷамъоварии ин сабзавотҳоидома дорад. Нисбат ба соли 2019истеҳсоли сабзӣ747 тонна, карам 45,7 тонна, помидор 396,7 тонна ва бодиринг 776,2 тонна зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2021 то санаи 1 декабр дар масоҳати 1393,8 гектар гандум, 148,2 гектар ҷав, 331,8 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуданд. Ҳамчунин тибқи дурнамо бояд дар ноҳиядар майдони 350 гектар картошка кишт карда шавад. То санаи 1 декабри соли равон аз ҷониби картошкапарварони ноҳиядар масоҳати 19 гектаркартошка кишт карда шуда, кор дар ин самт муташаккилона идома дорад.
АбдусаидГУЛОВ, Суратгир
А. ШЕРМАТОВ
ЯТИМОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Мувофики млумоти сармутахассис-котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Барно Саидова дар ноҳия 26 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудааст. Ба номи ҳар кадоми онҳо суратҳисоби бонкӣ кушода шуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, парасторони муваққатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша пайваста кумакпулӣ вакумакҳои моддӣ расонида мешавад.
Аз ҷумла, чанде пеш Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳилоли Аҳмар» ба 33 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва кӯдакони оилаҳои ниёзманди ноҳия сару либоси зимистона тақдим намуд. Тавре ки намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳилоли Аҳмар» дар ноҳия Ҳусниддин Ризоев иброз дошт, бо ташаббуси Ташкилоти мазкур ба номи 33 нафар кӯдакони ятим, нимятим ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд кортибонкӣ кушода шуда, аз моҳи июни соли 2020 инҷониб ба суратҳисоби ҳар яки онҳо ҳар моҳ ба миқдори 100доллари амрикоӣ кумакпулӣ гузаронида истодааст.-Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳилоли Аҳмар» тасмим гирифтааст, ки дар давомияк сол, яъне то моҳи июни соли 2021 ин иқдомашро идома диҳад, -гуфт Ҳ. Ризоев.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ба кӯдакони ятимаз тарафи шахсони саховатпешаи ноҳия низ мунтазамкумак расонида мешавад. Аз ҷумла, чанде пеш аз ҷониби раиси хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаев ба ятимони кулл Фарҳод Исроилов ва хоҳару додари ӯ маводи хӯрока аз қабили орд, биринҷ, равѓан, картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин ба миқдори 250 кг ангиштсанг барои гарм нигоҳ доштани хонаашон ва кумакпулӣ барои харидани сару либоси зимистона тақдим карда шуд.
АбдухолиқРозиқов
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ ШӮРОИ РУШДИ МАОРИФ ВА ШӮРОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КУДАК
Санаи 11 декабри соли 2020 дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия ҷаласаи Шӯрои рушди маориф ва ҷаласаи Шӯрои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузоргардид.