http://balkhi.tj/
24-06-2020, 16:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ  ШАШУМ  БАРГУЗОР  ГАРДИД

   Имруз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зимни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъвати шашум масъалаи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 11- марти соли 2016 оид ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30- юмидекабри соли  2015 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» - ро мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор доданд. 

       Вакилон зимни иштирок дар музокираҳо аҳамияти рушди соҳаро ҷиҳати таъмини сабади истеъмолии ноҳия ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат муҳим арзёби намуда, дар муҳокимарониҳо фаъолона ширкат намуданд. 

     Тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳа чалби соҳибкорон дар самти сохтмони сардхонаҳои нигоҳдории меваю ангур, корхонаҳои истеҳсоли зарфҳои нигоҳдории мева, коркарди мева ва масолеҳ барои басту бандӣ зарура тдорад. 

      Ҳамзамон дар иҷлосия фаъолияти шаш моҳаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони иншооти муҳими фарҳангӣ тасмим гирифта шуд. Оид ба ривоҷи ин соҳаи ҳаётан зарур қарорҳои дахлдори вакилон қабул карда 
Просмотров: 114  |  Комментариев: (0)
24-06-2020, 16:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРУҲИ ВАКИЛИИ ҲИЗБӢ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР  КАРДА ШУД

      Имруз дар ноҳияи Чалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатии гуруҳи вакилии ҳизбӣ бои штироки 38 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор кард а шуд. 

      Зимни баргузории ҷаласа роҳбари гуруҳи вакили иҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдусаломзода Анзурат масъалаи низоми иҷроияи дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иштироки фаъолонаи вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, дастгирии ташаббусҳои ватандустона ҷиҳати расонидани кумакҳои вакилон ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ташаббуси баргузор намудани Аксияҳои тақсимоти ниқобҳои тиббӣ дар давраи зуҳури бемории сироятии коронавирус (соvid-19) ва ширкати фаъоли пешниҳоди фикру андешаҳои вакилонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба аъзои гуруҳҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дод. 

        Зимни баррасӣ ва андешарониҳои вакилон тасмим гирифта шуд, ки вакилони ноҳия омодаанд дар ҳар маврид бар зидди ақидаҳои ифротии аъзои гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда, бо афкору андешаи солим нақши худро дар ҳифзу ҳимояти ваҳдати миллӣ гузоранд.

        Ҳамзамон вакилон ҷонибдории якдилонаи худро аз сиёсати олӣ ва муваффақи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, тасмим гирифтанд, ки зимни баргузории вохуриҳои навбатии худ дар маҳал бо мардум масъалаҳо мавриди баррасиро натиҷагирӣ намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд. 


Просмотров: 89  |  Комментариев: (0)
22-06-2020, 15:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОСУДА  НАХОБӢТУ  БА  ҚАСРИДИГАРЕ…

ЁХИЁНАТ  БА  МИЛЛАТУВАТАН  НОБАХШИДАНИСТ

     Давоми се рӯз мешавад, китариқи  шабакаҳои телевизионӣ   филми ҳуҷҷатии  «Хиёнат»   рӯи пешкаши  тоҷикистониён   гардид, ки аҳли  ватандӯстони  асилро ба  андешаронӣ  ва  баҳогузорӣ  нисбати афроди  хиёнатпеша  водор менамояд.  Ҳамчун  як  рӯзноманигор, ки  имрӯз  дар хизмати  халқу  ватани худ  ҳастам, мехостам  дар ин бора андешаҳои  хешро   баён намоям.  

    Бо тамошои филм  мо аз амалҳои хиёнатпешагии Мирзои Салимпур, ЮнусБурҳонов  (Саидюнуси  Истаравшанӣ),Муҳаммадиқбол  Садриддинов,Абдусатор  Бобоев   вабархеи  дигар,  кидар  пайравии  МуҳиддинКабирӣ- раиси  ҳизби  террористии мамнуъи наҳзати  исломӣ қадам гузоштанд, ба  таври  комил огаҳӣ  пайдо  намоем. Боиси  таассуф  аст, ки чунин  нафарони  бадандешу хиёнатпеша  ба  решаи худ  теша  задаанд ва  номи  тоҷику миллати   тоҷикро  доғдор намудаанд.

Просмотров: 92  |  Комментариев: (0)
19-06-2020, 16:31 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Санаи 18 июни соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

Давоми рӯз дар якҷоягӣ бо меҳмонон аз вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ дидан карда шуд, аз ҷумла аз ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зиратҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд.


Просмотров: 83  |  Комментариев: (0)
19-06-2020, 16:26 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

          Ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», оид ба кирдорҳои ваҳшиёнаи аъзои гурӯҳи террористию экстремистӣ ва роҳбарияти ташкилоти мамнуъи Ҳизби наҳзати ислом, ки дар солҳои 90-уми асригузашта ба сари миллати тоҷик рузҳои мудҳиш, қатлу ғорат ва сарсонии зиёдро ба бор оварданд, намоиш дода шуд.   

        Ин филм бори дигар амалҳои ваҳшиёнаву хиёнаткоронаи роҳбарияти ин ташкилоти террористиро рушан собит намуда, тамошобин ба ҳадди ниҳоӣ аз ҳадафҳои манфури онҳо огоҳӣ пайдо намуданд.  Дидани манзараҳои ҳузнангезу ваҳшоният, аз байн бурдани нобиғаҳои илму ирфон ва симоҳои саршиноси ҷумҳурӣ, бо шиканҷа ба қатл расонидани мардуми бегуноҳ дар зеҳну шуури бинанда разилу касиф ва нокасу нотавонбин будани саркардагони гуруҳҳои ифротгароро бедор менамояд.

          Яқин аст, ки имруз баъзе аз ҷонибдорони ин гуруҳи ифротӣ бо ақли ҳануз тираи худ, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ худро посдори халқу миллат нишон доданӣ шуда, бо суханону пучу бемағзи худ мехоҳанд таваҷҷухи мардумро ба суи худ кашида, ҷонибдорони худро пайдо намоянд. Вале имруз мардуми андешаманди тоҷик бобардошт аз рузҳои сахту сангини солҳои мудҳиши асри гузашта чеҳраҳои аслии ин гуруҳҳои сиёсиро хуб мешиносанд ва ҳаргиз ба ҳарзаву буҳтони онҳо бовар надоранд. 

         Мо боварӣ дорем, ки ҳар як сабақи таърих барои мардуми сарбаланди тоҷик, аз ҷумла барои насли ҷавон дарси ватандорӣ аст. Ҷавонони мо созандагони фардои ватан, идомадиҳандагони анъанаи насли калонсол буда, аз саҳифаҳои таърих ва рузҳои мушкили ба сари миллати тоҷик омада сабақ мегиранд, меомузанд ва некузиштро дар мизони ақл бар мекашанд, то ки Тоҷикистон иазизу ба ҷон баробари худро бо тафаккури пешрафта ва иродаи қавӣ бозҳам шукуфон гардонанд.   

Просмотров: 95  |  Комментариев: (0)
18-06-2020, 07:30 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!



      Солҳои охир яке аз масъалаҳои глобалие, ки тамоми мардуми сайёраро  ба ташвиш овардааст, ин зуҳур кардани терроризм ва экстремизм мебошад. Аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ экстремизмро ба маънои тундравӣ аз андоза гузаштани андешаҳо, тарс, ваҳм медонанд ва онро маҳкум карда ба он мубориза мебаранд. 

         Мутаасифона дар ҷомеа гуруҳҳое ҳастанд, ки аз бефаҳмию бесаводии ҷавонону наврасон истифода бурда, онҳоро ба ваъдаҳои пучу холӣ ба доми худ ҷалб сохта ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил месозанд. Ин ҷавонону наврасон аз зумраи афроде ҳастанд, ки дар оила ва дар муассисаҳои таълимӣ тарбияи нодуруст гирифтаанд. Дар мафкураи онҳо қимати оила, фарзанд, ватану миллат арзиш надошта, ақидаҳои ифротии мазҳабҳои бегонаро ҷонибдорӣ ва ба ҷиноят даст мезананд. Аз расонаҳои иттилоотӣ иттилоъ дорем, ки дар ин роҳ садҳо ҷавонони ноогоҳ аз ҳадафу мақсадҳои ғаразноки гуруҳҳои тундгаро ба хотири пули муфт ба кишварҳои Сурия, Ироқу Шом ва Афғонистон рафта ғуломи зархарид мешаванд ва дар ин роҳ ҷони ҷавони худро қурбон менамоянд. 
Просмотров: 94  |  Комментариев: (0)
17-06-2020, 13:53 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

РАИСИ  МАҲАЛЛА - БОҒПАРВАРИ  ПЕШҚАДАМ


      Ҳамасола боғпарварони ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ аз дарахтони парваришнамудаашон ҳосили фаровон  ба даст меоранд.  Айни замон дар  хоҷагиҳои боғпарварони  ноҳия ҳосили   меваҷот муташаккилона  ҷамъоварӣ  шуда истодааст.  

   Аз  ҷумлаи боғпарварони пешқадам  раиси маҳаллаи  «Лоҳутӣ»-и Ҷамоати  деҳоти Ҳалевард  Шарифҷон  Мирзоҷонов мебошад. Номбурда  соли  2016дар  майдони  2гектар  боғ бунёд намуд, ки имрӯз самараи нек дода истодааст. Ин  ҷавони меҳнатдӯст  дар  боғи  худ  ниҳолони ду  навъи зардолу, се  навъи себ, олу ва шаш навъи шафтолуро парвариш намудааст.  

        Дар  инсамт ӯ  аз  рӯи маслиҳатҳои устодаш Имомиддин Олимов амал намуда, муваффақ гардидааст. Ш. Мирзоҷонов мегӯяд, ки  дар  боғ  дарбайни қаторҳои дарахтон зироатҳо,аз  қабили  нахуд, лӯбиё, мош, полезӣ ва  пахта  кишт  карда, ҳосили хуб ба  дастмеоранд.  Ш. Мирзоҷонов боварии  комил  дорад, ки агар  одам  азобу  заминҳои  зархези кишварамон  оқилона  истифода намояд, сатҳи  зиндагиашонро хуб  менамояд. 

      Аз  рӯи  гуфтаҳои ӯ  маълумамон  шуд, ки дар  деҳаи  «Лоҳутӣ» 318  оила  зиндагонӣ менамояд. Дар  ҳудуди  деҳа ҳохоҷагиҳои  деҳқонии  фермерӣ фаъолият  дошта, ҷиҳати  таъмини истиқлолияти  озуқавории  мамлакат саҳм  гузошта  истодаанд.

-Вазъияте, ки  имрӯз  бамиён  омадааст, ҳар  яки моро  водор  месозад, ки баҳри  оқилона  истифода намудани  ҳар  як  ваҷаб  замин кӯшиш  намоем.  Аз ин  рӯ, мо  бо сокинони  маҳалла  пайваста суҳбатҳо  гузаронида  муҳимияти ин  масъала  мефаҳмонем, -иброз  медорад  Ш. Мирзоҷонов.  Ӯ ҳамчунин таъкид  менамояд, ки  ҳар як  сокини  кишвар дар  ин  рӯзҳои ҳассос  аз  рӯи тавсияҳои  табибон  амал намуда, ба  корҳои   манфиатнок машғул  бошанд.                        

А. ШЕРМАТОВ


Просмотров: 85  |  Комментариев: (0)
16-06-2020, 09:43 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИ НАВИ КОРОНАВИРУС ДАР БОЗОРҲОИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

       Санаи 15 июни соли равон аз тарафи бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва  варзиш ва комиссияи оид ба  ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар бозорҳои марказӣ сӯҳбатҳои сарироҳӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирӣ воридшавӣ ва паҳншавии бемории сирояти коронавирус ҳимояи худ ва атрофиён аз ин беморӣ, риояи қатъии қоидаҳои гигиениву санитарӣ ва пушидани ниқобҳои тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. 

         Зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони ноҳия ба ин чорабинӣ фаро гирифта шуда, ба корҳои тарғиботӣ ҷалб шуданд. Ин татбирҳо минбаъд низ идома дошта, назорати пушидани ниқобҳои тиббӣ пурзур карда мешавад.


Просмотров: 96  |  Комментариев: (0)
15-06-2020, 09:36 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СИТОДИ

НОҲИЯВӢ ОИД БА ТАДБИРҲОИ ПАЙДОИШ, ПЕШГИРӢ ВА ИНТИҚОЛИ СИРОЯТИ НАВИ КАРОНАВИРУС (СОVID -19) ВА ПУРЗУР НАМУДАНИ ЧОРАҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


Ситоди навбатиро раиси Ситоди ноҳия - Убайдуллои Файзулло – раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи Ситод шинос намуд.


  • Вазъи имрузаи сироятёби бемории сирояти нави каронавирус, хизматрасонии тиббӣ, ва солимгардони дар  шуъбаи сироятии беморхонаи марказии нохия


  • Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, дизинфексиякунони ва вазъи пешгирии бемории сирояти дар чамоатхои шахраку дехоти нохия


  • Тақсими мақсадноки  кумакҳои Пешвои миллат ба кормандони соҳаи тандурусти ва беморони бо ин сироят бистаришуда 


         Дар ситоди ноҳиявӣ оид ба тадбирҳои пайдоиш, пешгирии ва интиқоли сирояти нави каронавирус (СОVID -19) ва пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ аъзои ситод иборат аз 34 нафар, ки бо қарори раиси ноҳия аз 20 апрели соли 2020 таъсис ёфтааст,  даъват шудаанд.  

Ҳамзамон дар ситод раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони бозорҳои ноҳия ва дигар шахсони мутасаддӣ, ки аъзои ситод нестанд, даъват шудаанд. 

         Аз руи масъалаҳои зикршуда  ахбороти  муовини раиси ситод, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода А, муассисаҳои сохтори госпиталӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ, шуъбаи дизинфексия ва раиси комиссия оид ба тақсимоти кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурусти ва беморони сироятшуда Абдулҳаев М шунида шуда, оид ба масъалаҳои зикршуда  аз шахсони масъул пурсиш ба амал оварда шуд.  
Просмотров: 97  |  Комментариев: (0)
11-06-2020, 15:35 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — РУКНЕ АЗ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

           Ҳар як инсон муқаддассоте дорад ва онро гиромӣ дошта аз он ҳимоят мекунад. Аз қабили Ватан, модар, забон ва амсоли ин. Масалан, вақте як нафар модари моро ва ё зану фарзанди моро дашном медиҳад, мо омодаем, ки ӯро ҷазо диҳем, зеро ӯ пардаи номуси моро медарад.

         Як туда қалтабони аз имону номусу виҷдон  дур имрӯз даҳону ҳалқи худро дарида фақат густохӣ мекунанд.. Суханҳои носазо мегӯянд, таҳқир мекунанд. Аммо таҳқирҳои онҳо на танҳо барои сарвари кишвар, балки барои кулли мардуми мо равона шудаанд, зеро мо Пешвои миллатро арҷ мегузорем, ба ӯ бовар дорем ва ӯро роҳнамою ҳомии худ меҳисобем.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукне аз муқаддассоти миллати мо ба шумор мераванд. Дар бораи фазилатҳои ӯ ин ҷо маҷоли сухан рондан нест. Танҳо бояд зикр кард, ки ӯ маҳбуби дили ҳамагон гаштааст. Ба дили мардум роҳ ёфтан ва сазовори боварӣ гаштан кори осон нест. Ҳар як сиёсатмадор орзу мекунад, ки боварии мардумро сазовор шавад, вале наметавонад. Тӯли сад соли охир ягона сиёсатмадоре, ки ба дили мардум роҳ ёфта, мақбули онҳо гаштааст, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

         Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва ҳастии мо-тоҷикон, мебошад. Ҳар як тоҷики баномус омодааст, ки барои ҳифзи номусу ваҳдати миллӣ худро дар радифи сарсупурдагони Ватан қарор диҳад. Мо наметавонем муқобили армонҳои миллат қарор гирем.

Просмотров: 87  |  Комментариев: (0)