http://balkhi.tj/
15-10-2020, 14:29 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
     ВОХУРИИ РАЁСАТИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ МИХД ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
    Санаи  14  октябри соли 2020  дар толори шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия, муовинони раисони ҷамоатхои шаҳраку деҳот ва раисони кумитаҳои маҳалла,вохурии  намояндаи раёсати кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҷихати пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили худкушию худсузи содиршавии ҷиноят дар байни занон, ҷавонон ва ноболигон, хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи  фарзандон пешгирии шомилшавии ҷавонон  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  ифротгарои, самаранок истифода бурдани  заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон, захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ сухбату вохӯрихо доир намуд.
Просмотров: 73  |  Комментариев: (0)
14-10-2020, 12:07 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Аксари мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон барои субот, тараққиёт ва ояндаи боз ҳам беҳтари кишвари худ овоз доданд

      Тавре қаблан хабар додем, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо ғалаба ба даст оварданд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҷамъбаст ва баъдтар эълон карда мешаванд, аммо аллакай маълумоти аввалине, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, пирӯзии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод.

        Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

       Тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд.

        Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.

        Сокинони Тоҷикистон барои 7 соли оянда президент интихоб карданд. Онҳо ба тарафдории сулҳу субот дар ҷомеа, рушди устувори кишвар ва ояндаи беҳтари мардуми он овоз доданд.



Просмотров: 72  |  Комментариев: (0)
14-10-2020, 11:15 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ТАНТАНАИ АТОВУЛЛОЕВ ВА ШИКАСТИ КАБИРӢ

                     (Аз мунозираи ду рақиби оштинопазир кадом хулосаҳо бармеоянд?)

   Дар тӯли се солДодоҷон Атовуллоев борҳо Муҳиддин Кабириро ба мунозира даъват карда буд.

 Вале ӯ бо баҳонаҳои мухталиф аз мубоҳисаи ошкоро имтиноъ меварзид.

Ниҳоятвохӯрии рӯ ба рӯи онҳо баргузор гардид. Ва на дар ҳар ҷоеки рост омадбалки дар студияи радиои Амрико.

Кабирӣ ба ин мунозира бо сенарияи қаблан таҳия шуда бо нияти моил намудани Атовуллоев

 ба мусолиҳа омада будВай пешакӣ худро ба иҷрои нақши ОМӮЗГОРва мустаҳақи панду 

насиҳат ва ҳидояти Додоҷон "ба роҳи ростомада будВа умедвор будки яхи дили 

Додоҷон об мешавад ва ба ӯ дасти дӯстӣ медиҳадва худро маҷбур карда гуфт: "Мо хизматҳои Додоҷонро эътироф мекунем»!

Лаҳни мағруронаи Кабирӣ дар оғози мунозира (Ту кӣ ҳастӣ?! Ман қудрат дорам!), ибораи вирди забони ҳамагон шудаи Гурбаи Леополд аз филми

 маъруфи замони Шӯравро ба ёдам овард“БачаҳоБиёед дӯстона  зиндагӣ кунем"!

Аммо, аз дақиқаҳои нахустин Додоҷон ба ӯ фаҳмонидки ин ҷо гап -гапи кадом 

як мусолиҳа нест ва ба ҳуҷум гузашт. Сенарияи қаблан таҳиянамудаи Кабирӣ дар қоғаз рӯи мизи корӣ боқӣ монд ва аз наздик ба навор афтод. Ҳамзамон нақши мураббии беозор ва зиёӣ пора-пора ва фурӯ рехт!

Просмотров: 99  |  Комментариев: (0)
12-10-2020, 14:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

РУЗИ ФАЛАК

      Санаи 10 октябри соли 2020 дар кинотеатри ба номи М. Горкий чорабини бахшида ба Рузи фалак баргузор гардид.

      Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дар сар то сари кишвари азизамон Рузи фалак ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад. Аз фурсати муносиб истифода бурда Шумо ҳаводорони санъати баланди миллиро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо завқи баланди эҷодӣ ва идроки баланди фарҳангиро таманно менамоям.


Просмотров: 83  |  Комментариев: (0)
12-10-2020, 13:41 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«ХИЁНАТ» ОЗОДӢ, САОДАТИ БУЗУРГТАРИНЕ, КИ ХОИНОН АЗ МО РАБУРДАНИАНД.           

         Муаллифи асари машҳури “Гузориш аз ҳалқаи дор ба гардан”( ё “Гузориш аз панҷаи марг”) Юлиус Фучик зиндагии худро сарфи мубориза бо фашизм кард ва дар инроҳ ҷон дод. Вақте, ки ватанашро фашистон ғасб намуданд, дар Праҳа бар зидди ғосибон бо имзоҳои мустаор матлабҳо менавишт. Асари машҳури худро ҳам дар зиндон дар панҷаи марг навиштааст. Сентябри соли 1943 фашистон дар зиндони Берлин сарашро буриданд. Ва рӯзи марги ӯро журналистони ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳамдилии журналистон ном ниҳоданд.

         Аммо, сад афсӯс, дар байни ҳамсабақони мо онҳое низ ҳастанд, ки барои чанд пули ҳаром Ватани худро мефурӯшанд, ба хоҷагони хориҷӣ бандавор хизмат мекунанд, халқу Ватани худро бошад санг мезананд.

         Аслан набояд ин гуна рафторҳои хоинонаи онҳо ҷои тааҷҷуб бошад, зеро кайҳо парда аз рӯй бардоштаанду имону виҷдон ва Ватану модари худро даюсона ба савдо гузошта, симои аслиашонро ба намоиш доранд. Ба  гуфтаи муаллифи асари машҳури “ Доғистони ма” адиби доғистонӣ Расул Ҳамзатов, касе ки деҳаи худро, яъне хонадон, падару модар, хоҳару бародар, хешу табору ҳамсояҳои худро дӯст намедорад, чӯ гуна Ватани худро дӯст дошта метавонад?


Просмотров: 71  |  Комментариев: (0)
9-10-2020, 13:14 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

«ХИЁНАТ» ФИЛМЕ КИ НАФРАТ БА НАЗҲАТИҲОИ ҶИНОЯТПЕШАРО БЕШТАР КАРД

         Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки чандест тавассути телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода мешавад, бори дигар бо ҷузъияти фарогир парда аз рӯи садҳо амали ҷинояткоронаи аъзои ТТЭ ҲНИ бардошт ва бо пешниҳоди далелҳои мушаххас ҷомеаи кишварро дар ростои шинохти комил аз бархӯрдҳои манфиатҷӯёнаи зархаридон қарор дод. Тавре тамошобинон медонанд, филм дар асоси далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода шуда, аз амалҳои ноҷавонмардона ва хунии назҳатиҳо дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нақл мекунад. Таҳиягарон бо пешниҳоди арқоми воқеӣ ба амалҳои собиқ Ҳизби назҳати исломӣ ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, ҳаводиси гузаштаро мунсифона тасвир намуданд.

         Бояд гуфт, ки солҳои охир шуури сиёсӣ ва маърифати динии мардум боло рафта, бидуни намоиши силсилафилми мавриди назар ҳам дасисаву ғаразҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва аъзои ҷиноятпешаи онро дарк менамоянд. Аммо намоиши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бори дигар зеҳни моро ба амалҳои ноҷавонмардонаи хиёнаткорон мекашад, ки ин гуна пайравони ТТЭ ҲНИ бо дастури роҳбарият ва хоҷагони хориҷии худ аз кишвари маълум ба амалҳои нангин, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ, зиёиён, сарбозон ва несту нобуд кардани иншооти давлативу ҷамъиятӣ, даст задаанд.

Просмотров: 81  |  Комментариев: (0)
9-10-2020, 09:17 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

СЕМИНАР «CASA – 1000 ЛОИҲАИ ДАСТГИРИИ ҶОМЕА” ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Дар доираи талаботи «CASA – 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” санаи 7 октябри соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузории вохӯрӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор доир гардад.

    Татбиқи «CASA – 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз шуда, амалисозии он аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” – и ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сурат мегирад.

       Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти неруи барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогир иборат буда, деҳаи Кайҳонии ҷамоати шаҳраки Гулистон ба минтақаи лоиҳавӣ шомил мебошад.


Просмотров: 78  |  Комментариев: (0)
9-10-2020, 08:55 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

огози  мавсими даъвати

тирамоҳи ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ

      Санаи 5 октябри  соли 2020  дар  Комиссариати ҳарбии ноҳия бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» чорабини  баргузор гардид. 

     Дар ин  рӯз 50 нафар   ҷавонони   шуҷоъ бо  амри дил  барои адо намудани  қарзи  фарзандии худ  ба   Комиссариати ҳарбӣ  ҳозир  шуда буданд. Муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин наваскаронро табрик  намуда, барояшон  дар  ҷодаи хизмат ба Ватан-Модар барору комёбиҳо   орзу  намуд.

     -«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон шараф,  номус ва иқдоми ватандӯстонаи ҳар як ҷавонмарди содиқи Ватан ба ҳисоб меравад. Симои хурсандибахшу лабҳои пуртабассуми шумо-ҷавонони  ватандӯсту ватанпарвари  ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки писарони  вафодору арзандаи  халқи азизи худ  мебошед», -иброз намуд муовини раиси ноҳия.

       Абдулазиз  Қурбонов яке  аз  ҷавонони даъватшуда бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иброз намуд, ки  хизмат дар  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ  қарзи  ҳар як  ҷавонмарди тоҷикистонӣ мебошад.  Падари  ман худ  шахси  низомӣ ҳастанд  ва  ман  ҳам  аз хурдӣ  орзу  мекардам, ки либоси  низомӣ  бабар  намоям. Ба ҳамин хотир  пас аз хатми  донишгоҳ   мехоҳам рафта  хизмати  Ватан-Модарро бо  сари  баланд  адо намоям.  

      Дар ҳақиқат, осудагии Ватан ба неруи зеҳниву ақлонии ҷавонони далеру шуҷоъ, меҳандӯсту хештаншинос ва ҷонфидо вобастагии калон дорад.      

      Дар охири чорабинӣ аз ҷониби санъаткорони ноҳия барномаи   рангини  консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

     ИбодуллоҳиОДИНА.

 А. Шерматов



Просмотров: 70  |  Комментариев: (0)
8-10-2020, 08:00 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ВОХУРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

        Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва рапъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2020, аз тарафи ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ 5 нафар номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон пешбарӣ гашта, ба қайд гирифта шудаанд. Санаи 6 октябри соли 2020 дар қасри фарҳангии ноҳия бо интихобкунандагон вохури намуда, барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуданд.

         1. Латифзода Рустам Барот - номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Аграри Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Икромов Файзиддин вакили маҷлиси намояндагони МОҶТ иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Латифзода Рустам Баротро муаррифи намуд.

        2. Ғафорзода Абдуҳалим Розиқ – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Давлатхоним Саид Ашурова муовини раиси ҲСТ иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Ғафорзода Абдуҳалим Розиқро муаррифи намуд.

        3. Эмомалӣ Раҳмон – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Шахси боэътимоди номзад, муҳтарам Давлатзода Сайфиддин Хайриддин – Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмонро муаррифи намуд.

      4. Раҳматзода Рустам – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Раҳматзода Рустам барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуд.

     5. Абдуллоев Мироҷ Санонович – номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон. Абдуллоев Мироҷ Санонович барномаи пешазинтихоботии худро муаррифи намуд.

       Номзадҳо дар пешниҳоди барномаҳои пешазинтихоботи вақти баробар доштан.


Просмотров: 58  |  Комментариев: (0)
8-10-2020, 07:08 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

     Бо гузашти вақт мо ба муҳимтарин маъракаи сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик мешавем. Нақши интихобот, ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа назаррас  мебошад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки интихоботи дар пешистода омили муҳим ва таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар, густариши демократия, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ба нафъи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

        Ман  ҳамчун зан ва ҳамчун  ҷавони дар даврони истиқлолият рушду камолёфта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетараф набуда, барои таъмини пешрафт ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон овози худро ба номзади арзандаи худ медиҳам.Ифтихор аз он дорам, ки дар интихоботи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистоништирок меварзаму овози ман ҳалкунанда аст. 

      Роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар Тоҷикистон  маҳз аз интихоби дурусти мо вобаста   аст.

      Бо истифода аз фурсати муносиб аз тамоми шаҳрвандон,алалхусус ҷавонони Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки  дар инмаъракаи муҳими сиёсӣ   фаъолона иштирок намуда,  барои ободию пешрафт ва ояндаи неки  Тоҷикистони  азизмавқеи худро муайян намоянд. 

       Овози ҳар як интихобкунанда барои тақдири рушди давлатдории миллӣ  ҳалкунанда аст!

Ҷумагул НАЗАРОВА,  

мудири бахши 

бойгонии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия
Просмотров: 58  |  Комментариев: (0)