-->
 

                                 ТОЗАКОРИИ ДАСТАҶАМЪӢ

   Имрӯз 13 майи соли 2023 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки тамоми корхонаю идораҳо ва фаъолон шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Дар ин рӯз ҷуйҳо поккорӣ шуда, роҳраву канори ҷодаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон ба хотири сабзу хуррам гардонидани ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулу буттаҳо ва дарахтони канори роҳҳо нигоҳубин ва об дода шуданд. Агар атроф тозаву озода муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Тасмим аст, ки ин тадбир минбаъд низ идома дода шавад. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

 

     Санаи 12 майи соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ, деҳаи Суюнобод аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Риоева Ҷавоҳир-сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Саидова Барно, сармутахассис - котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдак, Шарипов Ҷонибек- директори маркази мубориза бо бемории ВНМО, Назарова Меҳрангез -муовини директори маркази саломатӣ ва Самиев Абдулмутолиб -эмомхатиби масҷиди ҷомеа бо сокинони маҳалла вохӯрӣ оид ба масъалаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» доир намуданд.

 

                             МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЧАРОҒОН ШУД

   Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинон ният доранд, ки бахшида ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногунро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар пайравӣ ба ин анъанаи нек ва саҳмгузорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон дар кӯчаи Румии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия 68 сутунпояи равшанидиҳанда, ки дарозиашон 12 метрро ташкил медиҳад, насб карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ноҳия ҷараён дошта, сокинони сарбаланди ноҳия нақша доранд, саҳми худро ба ин васила дар ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо гузоранд. "НАВИДИ БАЛХ"

ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд. 

 СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ Санаи 3 ва 4-уми майи соли 2023 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия семинар-машварат дар мавзӯи "Амалӣ намудани муқаррароти Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025" баргузор гардид.

  

                    КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ САНЪАТИ БАЧАГОНАИ НОҲИЯИ                               ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    

       Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ консерти ҳисоботии мактаби санъати бачагонаи ноҳия бо иштироки Боймуродов Саид -мудири дафтари методии мактаби санъати Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Шарипов Фирӯз, мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Абдулов Раҷабалӣ -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Латифзода Насиба -мудири бахши фарҳанги ноҳия, волидони хонандагон ва устодон баргузор гардид. Дар ибтидо маҳсули эҷодии рассомони навраси ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар барномаи ҳисоботии мактаби санъат асарҳои муосири классик ва суруду рақсҳои мактаби мазкур манзури тамошобинон гардид. Дар фарҷом намояндагон ба консерти ҳисоботии муассиса хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ изҳори сипос намуда, барои саҳми муносиб дар тарбияи фарҳангии насли наврас ба омӯзгорони фаъол изҳори миннатдорӣ намуданд. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

СЕМИНАР ОИД БА ҒАЙРИНАҚДӢ БА РОҲ МОНДАНИ ПАРДОХТҲО

   Санаи 1 майи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайримоддӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ дар моҳи майи соли 2023 вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи баҳогузорӣ, мониторинг ва фурӯши амволи Раёсати Бонк Давлатов Қосим, сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок доштанд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.  

1.     Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи

давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой;

 

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 -тањсилоти олӣ(ба тањсилоти олии касбии ихтисосњои иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);

 -донистани таърих, фарњанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатї, санадњои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансабии мутахассисро ба танзим медароранд.

Маоши мансабӣ 1059,20 сомонӣ (тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ)

2. Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой

 

                                   УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА" БАРГУЗОР ГАРДИД

      Аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 19 апрели соли 2023 оид ба кори фардии усули «Хона ба хона» ва вохӯрӣ бо занони хонанишин, оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Пешгирии зӯроварӣ дар оила", инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот, ҷиноят дар байни занон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, хусусан терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои рӯз бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Балх ташкил ва баргузор намуданд. Мақсад аз амалӣ намудани корҳои таблиғотӣ бо усули «Хона ба хона» оид ба масъалаҳои гуногун корҳои фаврии фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор кардан аст. "НАВИДИ БАЛХ"

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД

     Санаи 19 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар Миралӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар љаласа раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, аъзоиШӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930