МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 
» Страница 2
Сортировать статьи по: дате | популярности | посещаемости | комментариям | алфавиту

ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӣ БАХШИДА БА

Автор: admin от 2-09-2019, 18:13

ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӣ БАХШИДА БА

28-СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӣ

    Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия ҳар бегоҳ дар маркази ноҳия чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуда истодааст, ки дар он роҳбарияти ноҳия ва сокинони сершумори ноҳия иштирок менамоянд.

ИНШООТИ НАВИ ЗАМОНИ

Автор: admin от 30-08-2019, 15:18

ИНШООТИ НАВИ ЗАМОНИ

ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯ

   Дастуру ҳидоятҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созандагию ободонӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар додаанд, имрӯз барномаи амалӣ ҳар фарди ватандӯст ва бо нангу ори ҷумҳурӣ гаштааст.

Дастовардҳои Истиқлолият

Автор: admin от 27-08-2019, 11:23

 Дастовардҳои Истиқлолият

   Яке аз масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаву ташкилотҳои ватанӣ дар асоси истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои навтарин мебошад.

СУХАНГӯӣ ҲАМ ҲУНАР АСТ

Автор: admin от 23-08-2019, 15:57

СУХАНГӯӣ ҲАМ ҲУНАР АСТ

   Дар рухсатии меҳнатӣ будам. Рӯзе барои ҳоҷате ба кӯча баромада тарафи нуқтаи сӯзишворӣ мерафтам. Ду духтари ҷавони тахминан 13-14 сола аз пешам салом дода гузаштанд.

   Дар дилам ба онҳо барои чунин одобашон аҳсан хонда, хеле хурсанд ҳам шудам. Аз ман чор ё панҷ қадам пеш рафтан пас алфози онҳо дигар шуд. Чунон суханони қабеҳе мезаданд, ки аз шарм пеши чашмонам сиёҳӣ зад. Албатта аз шунидани чунин суханҳои қабеҳ ва ноҳамвор дар кӯча шарми кас меояд.

БЕХАТАРИИ ШУМО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ!

Автор: admin от 22-08-2019, 16:40

Бехатарии шумо дар дасти худи шумост!

   Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии  кӯдакону наврасон дар каналу дарёҳо дар мавсими оббозӣ ва истироҳати тобистона  Бахши Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти  Хатлон  дар  ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ  бо  сокинон  суҳбату  вохӯриҳо  мегузаронад.

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун кирдори зиддӣ ҳуқуқӣ.

Автор: admin от 22-08-2019, 15:55

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм ҳамчун кирдори зиддӣ ҳуқуқӣ.

    Имрӯз терроризм ва эксатремизм аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони аз ҷумла давлатҳои пасошуравӣ ҳамчун кирдорӣ зиддӣ ҳуқуқӣ ва падидаи номатлуби ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

   Он ба як доираи васеи гуруҳои террористиву экстремисти табдил ёфта, мақсади асосиашон қатлу куштор ва ғорат кардани инсон мебошад. Чунки онҳо на давлат ватан миллат, надоранд танҳо ба хотири манфиате меҷанганд.

ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӣ БОЯД САРИ ВАҚТ ВА ТИБҚИ МУҚАРРАРОТ ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОД ГАРДАД

Автор: admin от 21-08-2019, 16:38

ҲисоботҲои оморӣ бояд сари ваҚт ва тибҚи муҚаррарот таҳия ва пешниҳод гардад

    Таҳия ва таҳлили маводҳои омории дуруст ва дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод шудани он дар низоми идораи давлатӣ  аҳамияти калон дорад. Он имконият медиҳад, ки ҳолати иҷрои нақшаҳои корӣ, барномаҳои давлатӣ  ва дурнамои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар марҳилаи муайяни замонӣ  баррасӣ шавад. Роҳандозӣ намудани семинар-машғулиятҳои омӯзишӣ бо масъулин ва мутахассисони соҳа имкон медиҳад, ки камбудиҳои мавҷуда саривақт ошкор гардида, ҷиҳати ислоҳи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ ОҒОЗ ГАРДИД

Автор: admin от 20-08-2019, 16:21

Мусобиқа барои дарёфти ҷоми раиси ноҳия оғоз гардид

     Санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар майдончаи варзишии Ҷамоати шаҳраки Балх  мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти  Ҷоми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯ

Автор: admin от 19-08-2019, 14:19

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯ  

    Раиси вилоят аз пахтазори хоҷагии ба номи Сафар Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан карда, бо роҳбарият ва деҳқонони асили хоҷагӣ аз наздик суҳбату мулоқоти судманд анҷом дод. Деҳқонони хоҷагии Сафар Ҷумаев 1 ҳазору 640 гектар бо дастгирии ширкати "Ҷунтай-Хатлон” пахта кишт кардаанд. Нашъунамои пахтазор муътадил буда, кишоварзон азм доранд, ки бо риояи қатъии омилҳои парвариши пахтазор ҳосили хуб ба даст биёранд.

Амалҳои хайр дар Иди Қурбон

Автор: admin от 19-08-2019, 09:14

Амалҳои хайр дар Иди Қурбон

     Рӯзҳои 9 ва 10 августи соли 2019  бахшида ба рӯзи Иди Қурбон аз  ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадов Ривоҷиддин, ки   айни замон дар Федератсияи Россия қарор дорад ба кӯдакони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон ва оилаҳои эҳтиёҷманд кумакҳои хайриявӣ   расонида шуд.


 

xx
xx
xx.
xx