ҚИСМИ ЗИЁДИ КӮДАКОН АЗ КӮЧА ОДОБ МЕОМӮЗАНД
Сараввал қайд бояд кард, ки идомабахши кори оила ва падару модар кӯдакони дар он хонадон тавлидшуда ва аз онҳо тарбиягирифта мебошанд.
Рўзи 9 сентиябри соли 2022 мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Маматович ноҳия 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.
Дар Варзишгоҳ ҳунармандон, дўзандагон, оҳангарон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо маҳсули кори худро ба марази тамошо гузоштанд.
ШОМИ ИСТИҚЛОЛ Суратгузориш аз рафти чорабинӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол"-и Ҷамоати деҳоти Калинин, Беморхонаи марказӣ ва марказҳои соҳавӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бозори ҷамоат ва Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 6.09.2022
Бахшида ба Рӯзи китоб дар Китобхонаи марказии ноҳия намоиши китобҳо баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Убайдуллои Файзулло, муовинон, намояндагони шуъбаи маориф роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон хонандагон иштирок намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиш дар саҳни бино намоиш - фурӯши китобҳои нашриёти ватанӣ доир гардид.
Шоми Истиқлол суратгузориш аз рафти чорабинӣ таҳти унвони "Шоми Истиқлол" - и Ҷамоати деҳоти Маданият, Хоҷагии ба номи Турахон Исанқулов, Корхонаи давлатии фаръии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази алоқаи почтаи ноҳия, Хоҷагии Абдувадуд Дӯстов, Филиали "ҶСК - и" "Тоҷиктелеком" дар ноҳия ва ҶДММ "МПМК Колхозобод" - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 5.09.2022
Аз 1 то 9 - сентябр ба истиқболи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ пешниҳоди сокинони ноҳия гардонида мешавад.
Аз ҷумла бо қарори раиси ноҳия аз 30 августи соли 2022, Нақшаи - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба омодаги ва таҷлили ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони ноҳия тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷояги бо бахшу идораҳо, аҳли ҷамоатҳои ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҷамоатҳо сафарбар карда шудаанд.
Оғози рӯзи дониш дар мактаби Байналмилалии Президентӣ Суратгузориш аз рафти Рўзи дониш ва Дарси сулҳ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Шарипов Шайдулло-намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ занги аввал садо дод. Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Аз ҷумла дар Мактаби байналмилалии ноҳия бахшида ба Рӯзи дониш раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Шарипов Шайдулло намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва прокурори ноҳия Собирзода Искандар хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин бо муносибати ифтитоҳи бинои замонави самимона тарику таҳният гуфтанд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 - уми август ҳамчун Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 18 августи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, Қурбонов Ниёзмаҳмад - сартабиби беморхонаи марказии ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ маҷлиси тантанавии Рўзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.
Ташрифи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҳайати меҳмонон бо роҳбарии раиси вилояти Сухандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тӯра Боболов дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз корхонаи сементбарории ҶДММ "Моҳир Семент" боздид намуданд. Меҳмононро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ҳамроҳӣ намуданд.