ОМОДАГИИ МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ДАР ПЕШИСТОДА
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир ба муҳимияти баргузории Интихобот корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ бурда истодаанд.
Интихоботи дар пешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотдар ҳамкорӣ бо Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ тибқи Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронилани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинони ноҳия суҳбату вохуриҳо ва омодагӣ гузаронида истодаанд.
СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҶОНИБ ДОРЕМ
Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019 қайд карданд, ки имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дастиёрӣ дароз карда саховату ҳиматбаланди ибратомӯз нишон додааст.
Санаи 14 феврали соли 2020 дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, барои ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ озмун гузаронида шуд, рафти суратгузорӣ аз озмуни мазкур.
Бахшида ба ҷашни 31 –солагии баровардани қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ азхоки Афғонистон
Санаи 13 феврали соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 31-солагии баровардани қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣаз хоки Афғонистон бо итирокчиёни ҷанговарони башардӯст ҷамъомад доир гардид.
Санаи 11 феврали соли 2020 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нишасти матбуотии раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2019 баргузор гардид.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти ноҳия ин масъулияти баландро хеле хуб дарк карда, ҷавобан ба ҳар як Амру фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон якдилона сиёсати имрўзаи ҲукуматиҶумҳуриро дастгирӣ намуда истодаанд.