-->
 

ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

   Имрӯз 12 июли соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз рафти дӯхти либосҳои ягонаи мактабии ҶДММ «Сомон-И 2013» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар ҶДММ «Сомон-И 2013» 20 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо то инҷониб 12 ҳазор либосҳои ягонаи мактабӣ барои солҳои хониши 2023-2024 дӯхтаанд, ки аллакай ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. ҶДММ «Сомон-И 2013» ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло» аз зумраи корхонаҳое ҳастанд, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ либосҳои шинами мактабӣ ва барои кормандони беморхона хилъатҳову матоҳњои рӯкаш ва ҳамчунин либосҳои фарҳангӣ омода мекунанд. Айни замон дар корхонаҳои зикргардида дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ бо маром идома дорад.

                             НАСЛИ КАЛОНСОЛ МУҲОФИЗИ НАСЛИ ҶАВОН АСТ

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намудаанд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто, доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Бо дарки ин нуқта гуфтан зарур аст, ки идеологияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, Истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. 

      МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯК НАФАР АСТ

    Дар толори Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз 4 июли соли 2023 вохӯрии муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо оид ба Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо кормандони ҷамоати мазкур, раисони маҳалла ва сокинон баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Сангализода Қумриниссо баромад карда, масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, хавфу хатарҳои ин падидаҳои харобиовар ба амнияти давлату миллатро шарҳ доданд. Зикр гардид, ки дар муқовимат ба экстремизму терроризм дар баробари он ки вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад, инчунин, вазифаи шаҳрвандии ҳар як нафар аст ва шаҳрвандон бояд бо мақомоти давлатӣ ҳамеша ҳамкорӣ намоянд. 

 МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ   БАЛХӢ МУАРРИФНОМА

     Шукурова Шаҳло Тағойхоновна 9 апрели соли 1974 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ҳамин ноҳияро хатм намуда, аз соли 1994 фаъолияти кориро дар муассиссаи хатмкарадааш ба ҳайси омӯзгор оғоз бахшидааст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиб шудааст. Айни ҳол ҳамчун директори ин муассисаи мазкур кору фаъолият дорад. Соли 2016 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гаштааст. Дар баробари вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 будан, инчунин вакили Ҷамоати шаҳраки Балх даъвати сеюм, солҳои 2020-2025 интихоб гардидааст. 

                                                                        ТОБИСТОНА

     Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад. Махсусан, фасли тобистон бо истироҳату фароғаташ аз дигар фаслҳо фарқ дорад. Фасли тобистон бештар ба кӯдакону наврасон хуш меояду бесаброна интизори фаро расидани ин фасл мешаванд. Айни ҳол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон таътили тобистона идома дорад. Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №97 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №126 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2023» рӯзи 15 майи соли 2023 дар толори шуъбаи маориф бо иштироки кормандон ва директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ

         Санаи 30 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ карда шуд. Қурбонзода Қурбоналӣ муовини раиси ноҳия дар ин бора баромад намуда қайд намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар фазои тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёри азизамон – Тоҷикистон, чун аҳли кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо ҳазорон орзую умедҳои нек истиқбол намуданд. 

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 6 июни соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хочагии ба номи Турахон Эсанқулов-и ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сулаймонова Лола ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва ҳамзамон масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. 

 

ИТТИЛОИЯ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАЖДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАЪВАТИ ШАШУМ.

   Санаи 30 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ карда шуд. Қурбонзода Қурбоналӣ муовини раиси ноҳия дар ин бора баромад намуда қайд намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар фазои тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёри азизамон – Тоҷикистон, чун аҳли кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо ҳазорон орзую умедҳои нек истиқбол намуданд. Ҷиҳати амалишавии Барнома ва нақшаи чорабиниҳои Барнома бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста гардида, дар ин самт чораву тадбирҳо андешида мешавад. 

                      ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ

  Бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 26 июни соли 2023 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо дар вазъияти тантанавӣ Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо лоиҳаи CASA 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ сохта шуда, аз 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои таваллуд, хатнаи кӯдакон, доругузаронӣ, бемордорӣ, ҳуҷраи табиб ва қабулгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин дар он ҳамом ва ҳоҷатхона низ мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ 7 нафар кормандони тиббиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, барои зиёда аз 3500 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар арафаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маркази саломатӣ рамзи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба вазъи саломатии мардум мебошад.

 

                         ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ УМРИ МО

   Шоми 26 июни соли 2023 Гулгашти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳни Мактаби байналмилалии Презитентӣ қабои идона ба бар намуда буд. Хурду бузург гурӯҳ-гурӯҳ шуда, бо чеҳраи кушоду бо дили шод ба макони баргузории чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ меомаданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бо сухани табрикотӣ чорабинии тантанавиро оғоз бахшида, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Зикр кард, ки дар солҳои пойдории Ваҳдати миллӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бамаротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930