НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Ифтитоҳи Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ
март 21 2022

Ифтитоҳи Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ

    21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, онро зиёрат карданд.

   Мавриди зикр аст, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи Ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд.

   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвари мо оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон, дасти дуо бардоштанд.

   Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди “Гулгашти Балхӣ” ҷойгир мебошад.

    Мақбара тибқи суннати меъмории ниёгон сохта шуда, даромадгоҳи асосиаш аз қисмати ҷанубӣ, дар рӯбарӯи муҷассама қарор дорад. Дар пештоқи он катибаи “Мақбараи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” навишта шудааст.

   Дар дохили мақбара, дар чаҳор тарафи он чаҳор байт аз ашъори Мавлоно бо забони тоҷикӣ, хати ниёгон ва тарҷумаи англисӣ бо зарҳал ҳаккокӣ шудааст, ки андозаи ҳар як катиба 160 ба 22 см мебошад.

   Мавриди зикр аст, ки Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ, соли 1207 дар ноҳияи Вахши Тоҷикистон таваллуд шуда, яке аз бузургтарин олимон ва шоирони равияи тасаввуфи халқи тоҷик аст. Осори бегазанди ӯ, аз ҷумла “Девони ғазалиёт” ё “Девони кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-и Балхӣ аз дурдонаҳои арзишмандтарини адабиёти на танҳо мардуми тоҷик, балки кулли халқиятҳои дунё мебошад.

   Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтааст. Баландии бино 5 метр буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ анҷом дода шудааст. Роҳрав ва саҳни оромгоҳ бо тахтасангҳо зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишию сояафкан аз қисматҳои сабзкории оромгоҳ ба ҳисоб меравад. 

   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ, арҷгузорӣ ба таъриху ниёгон, ба масъулину сохтмончиён изҳори сипос карда, истифодаи маҷмааи мазкурро дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байнамилалӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзёбӣ намуданд.

   Дар навбати худ сокинони ноҳияи Балхӣ барои талошҳову ғамхориҳои Сарвари давлат ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта кардани кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.

prezident.tj

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Пардабардорӣ аз рӯйи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи майдони Парчами

21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи майдони Нишони

21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Март 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031