http://balkhi.tj/
22-04-2021, 15:44 | Автор: admin2 | Категория: Асосӣ
ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудаастшаҳрвандон Обидов Абдулҳақ АбдулвосиевичШухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва   Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович,  сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ  боздошт гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз  бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
22-04-2021, 09:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ба диққати сокинони ноҳия, ки наздикону пайвандонашон дар Федератсияи Россия қарор доранд!

   Ба маълумоти шумо мерасонем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID – 19» аз 18 апрели соли 2020, №274 ба таври худкор муҳлати амали бакайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд.

Просмотров: 7  |  Комментариев: (0)
22-04-2021, 05:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

   Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ҷавонони бонангу номус содиқона фаъолият доранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Просмотров: 7  |  Комментариев: (0)