ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд.