21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Майдони маҷмуаи варзишӣ 6 гектар, ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ 15 000 адад ва маблағи сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.