НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иқтисодӣ » Савдо ва хизматрасонӣ

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНАЗВИЛОЯТИСВЕРДЛОВСКИФЕДЕРАТСИЯИРОССИЯ

     Санаи 27 майи соли 2024 меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ ва бозори истеҳсолии Свердловск Анна Кузнетсова ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз маҳсулоти кишоварзӣ ва парвариши полезиҳо дар хоҷагии деҳқонии Сафар Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Меҳмононро муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳамроҳӣ намуданд. Кишоварзони хоҷагии мазкур дар 20 гектар замин тарбуз парвариш менамоянд, ки онҳо бо як ширкати бонуфузи Россия шартнома дошта, тайи 2 сол аст, ки тарбузи хушлаззати ин хоҷагиро ба давлати Россия интиқол медиҳанд. Соли гузашта 245 тонна тарбуз содирот карда, ин мавсим ният доранд, ки содироти онро боз ҳам баланд бардоранд. Дар ин майдон се навъи тарбуз, аз ҷумла сурх, бедона ва тарбузи зард парвариш карда мешавад. Меҳмонон аз гармхонаҳои лимупарварии хоҷагии деҳқонии «Мурод» низ дидан карда, хоҳиши содироти меваҳои ситрусиро ба миён гузоштанд. Ин хоҷагӣ дар як гектар замин як чанд лимонхона дошта, дар ҳар кадоми он 420 ниҳол парвариш намуда истодаанд.

                                                            ҲУНАР САРМОЯИ ЗИНДАГИСТ

      Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон буда, устоҳои чирадасти он ба сохтани табақу кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбин машғул мебошанд. Табақҳо бошанд аз ҷиҳати сохту андоза гуногун: аз ҷумла, калону хурд, паҳн ё чуқур сохта ба истифода дода мешаванд. Аз рӯи назари устоҳои ин навъи ҳунар барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор ва зарбед истифода мешаванд, ки дар он бештар таомҳои миллӣ бардошта болои хон мегузоранд. Урунбек Буриев аз зумраи ҳунармандони табақтарошест, ки дар кӯчаи Шерозии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ истиқомат мекунад. Ӯ ҳамроҳи бародаронаш ба ин ҳунари аҷдодии табақтарошӣ машғул буда, мизоҷони зиёде доранд. Табақтарошӣ миёни халқи тоҷик аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб меёбад, ки ба сохтани табақу қошуқ ва дигар ашёи чӯбин алоқаманд аст. 

           МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН   

     Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд. 

                     МОҲИПАРВАРӢ - ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ

   Моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти ин соҳаи муҳими кишоварзӣ аҳамияти махсус зоҳир гардида истодааст. Яке аз хоҷагиҳои моҳипарварии пешқадам дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҷагии деҳқонии «Ҳомидзода» мебошад, ки роҳбариашро Ҷамшед Яқубов ба уҳда дошта, хоҷагиро соли 2008 таъсис додааст. Хоҷагии зикршуда дар Ҷамоати деҳоти Калинин ҷойгир аст, ки ба гуфти масъулинаш онҳо дар ихтиёри худ 9 ҳавзи моҳӣ доранд, ки масоҳати умумии он 19 гектарро ташкил медиҳад. -Дар хоҷагии мо 10 нафар коргарон фаъолият карда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро то ҷое таъмин намуда истодаанд. Дар хоҷагӣ зиёда аз сӣ ҳазор дона моҳичаҳоро аз вилояти Суғд ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оварда парвариш намуда истодаем. Мо дар як сол як маротиба: моҳи декабр моҳиҳои парваришнамударо ба фурӯш мебарорем, - қайд дошт яке аз моҳипарварони хоҷагӣ Фрайдин Яқубов. Ба иттилои Фрайдин моҳипарварони хоҷагии болозикр дар соли 2023 зиёда аз 10 тонна моҳӣ истеҳсол намуданд.

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 

Серхонанда