ҚАДРДОНӢ


                                                                    ҚАДРДОНӢ

    Санаи 7 феврали соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо супориши раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон аз тарафи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаъфарзода Фарзона вохӯрӣ бо омӯзгорон ва волидон баргузор гардид. Аз ҷумла баргузории чорабинии тарғиботии «Фарзанди босавод-ифтихори модар» дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», вобаста ба ҷалби модарон ба мактаб ва иштироки онҳо дар соатҳои дарсӣ дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ якчанд нафар омӯзгорони пуртаҷриба аз ҷумла омӯзгороне, ки аз фанни забони руссӣ дарс мегӯянд бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ингуна вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 низ баргузор гардид.


Баргаштан
8-02-2023, 13:18