ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗ Санаи 3 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати |
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ НАВРӮЗ Санаи 3 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Балх бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби занону бонувони ҳунарманди ноҳия чун анъанаи неки наврӯзӣ баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Дар ин рӯз занону бонувони фаъол ва собиқадорон аз расму оин ва анъанаиҳои неки наврӯзӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, чаппотибандӣ, ороиши дастархони идона, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва қироати шеърҳо дар васфи баҳору наврӯз пешниҳод карда шуд. Баргаштан |
7-03-2023, 05:53 |