САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Дар арафаи ҷашни Наврӯз субҳи имрӯз раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар намуд. Дар ин сафар раиси вилоят дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таълимии наву замонавиро, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлати бунёд ёфтааст ва ба ҷашни Наврӯзи фархунда рост омадааст ҳамчун туҳфаи идона ба истифода супорид. Таълимгоҳ аз ду ошёнаи барҳаво, 10 синфхона, ошхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат буда, барои зиёда аз 600 нафар хонандагон дар ду баст пешбини шудааст. Сохтмони муассисаи таълимӣ бо назардошти фарогирии ҳарчи бештари хонандагон ба илмомузӣ, махсусан бо зиёд шудани теъдоди хонандагон дар доираи татбиқи барномаҳои ҳукуматии марбут ба рушди соҳаи маориф ва таҳкими инфрасохтори соҳа қомат афрохта бо мавриди истифода қарор гирифтани он шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 71 муассиса расид. Акнун ин таълимгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи умумии №71 фаъолияти хешро идома хоҳад дод. Зимни дидор бо устодону шогирдон Раиси вилоят Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки дар шароити рушту пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамқадамӣ бо давлатҳои мутамаддин тақозо мегардад, ки хонандагон аз давраи мактабхонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ дар сатҳи зарурӣ фаро гирифта шаванд. Ҷиҳати расидан ба чунин комгориҳо дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб мусоидат карда истодааст. Дар ин рӯз ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба бунёди якчанд иншооти дигар аз ҷумла биноҳои 5-7 ошёна ва таҷдиди бозори марказӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Зимни шиносои бо лоиҳаи иншооти сохташаванда таъкид гардид, ки манзилҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва бунёди марказҳои тиҷорати бо тарҳу намои замонавӣ аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мавриди иқдомҳои созанда қарор мегирад. Ҳадафи асосӣ афзалият бахшидан ба намои шаҳраки Балх ва муҳимтар аз ин фароҳам овардани садҳо ҷои нави корӣ арзёби гардид. Тавре маълум шуд дар ошёнаҳои аввали ҳар се бинои истиқоматӣ марказҳои тиҷоратӣ бо хизматрасониҳои муосир, коргоҳҳои дӯзандагӣ, нуқтаҳои маишӣ ва бархурдорӣ аз хизматрасонҳои бо сифати интернет сохта мешаванд.

 


Баргаштан
29-03-2023, 08:54