ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ


ИТТИЛОИЯ ДАР БОРАИ ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 30 марти соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилоят муҳтарам Файзуллозода Заробиддин, муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.   

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1) дар бораи тасдиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2023, №540 “Дар бораи ба мансаби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъин намудани Холмурод Раҳмон”; 2) дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 10 сентябри соли 2020, №895 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020, №221 “Дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”; 3) ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Ҷамоати деҳоти Навобод №27 Қурбонов Ниёзмаҳмад Сафаралиевич дар давоми соли 2022 ва се моҳи соли 2023. 4) масъалаҳои ташкилӣ: - тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ; - интихоб намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ; - тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 5) масъалаҳои ҷорӣ (иқтисодиёт, сохтмон): - тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар се моҳи соли 2023 қабул гардидаанд; - дар бораи тасдиқи қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба тасдиқи протоколи комиссияи хусусигардонии моликияти давлатӣ; - дар бораи тасдиқи лоиҳаҳои муфассали банақшагирии қисмҳои ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ; - дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. 6) дар бораи тасдиқи барномаҳои давлатӣ. 7) масъалаҳои кадрӣ; - дар бораи Қадридинзода Фазлиддин Қадридин; - дар бораи Саихоҷаев Саиъумрон Абдураҳмонович; - дар бораи Раҳимов Алимурод Шералиевич; - дар бораи Эмомализода Баҳовиддин Сафар. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум пешниҳодшуда пурра баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. "НАВИДИ БАЛХ"

Навиди Балх

30 марта, 13:16

 

 



 


Баргаштан
3-04-2023, 09:30