ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД


 Санаи 19 апрели соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар Миралӣ ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар љаласа раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, аъзоиШӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати њарбӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаҳои Шӯро муовини прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2, Солиҳзода Парвиз оид ба рафти Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ёрдамчии прокурори ноҳия, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, Ҳусейнзода Эраҷ вобаста ба ҳолати иҷрои доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи давлатии ҳудуди ноҳия гузориш дод. Дар муҳокима муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷонвализода Суҳроб, Комиссари ҳарбии ноҳия Икромзода Асомиддин ва дигарон шунида шуд. Сипас, аз рӯи масъалаи муҳокимашуда аз масъулини хадамоти гумрук, шуъбаи маориф, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳал, бахши танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ пурсиш ба амал оварда шуда, барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи болозикр ва рафти даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия супоришҳо дода шуд. Дар фарҷоми Шӯро раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ибрози андеша намуд. Бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҷамъбаст гардид. "НАВИДИ БАЛХ"

 


Баргаштан
24-04-2023, 08:31