МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЧАРОҒОН ШУД |
МАРКАЗИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЧАРОҒОН ШУД Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинон ният доранд, ки бахшида ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногунро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд. Дар пайравӣ ба ин анъанаи нек ва саҳмгузорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон дар кӯчаи Румии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия 68 сутунпояи равшанидиҳанда, ки дарозиашон 12 метрро ташкил медиҳад, насб карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ноҳия ҷараён дошта, сокинони сарбаланди ноҳия нақша доранд, саҳми худро ба ин васила дар ободонии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо гузоранд. "НАВИДИ БАЛХ" Баргаштан |
10-05-2023, 11:12 |