ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН |
ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба чорабинии як моҳи ҳаёти кӯдакон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор чорабиниҳо таҳия гардида, кӯдакон ба ҷойҳои таърихии ноҳия аз қабили Осорхона, Мақбара ва Хона – музейи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб карда шуданд. Инчунин оид ба ин чорабинӣ як қатор озмунҳо гузаронида шуд, ки ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ расонидан ба кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо, сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ ба 85 нафар кӯдакони маъюби бистарӣ кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Дар ҳамин раванд муовини раиси ноҳия Сангализода Қумринисо аз шарту шароитҳои муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуданд. Баргаштан |
7-06-2023, 07:55 |