ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ |
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯСанаи 1 июни соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи назоратии назди муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумринисо баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба соҳаи иҷтимоӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти ҷаласа аз роҳбарони соҳаҳои фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, пурсиш ба амал оварда шуд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлат дода шуд.Баргаштан |
7-06-2023, 09:03 |