БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗОНИИ ЭҶОДИЁТИ ХАЛҚ «АНДАЛЕБ – 2023» |
ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз 14 июли соли 2023, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, АП-318, оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, дар Чойхонаи ба номи "Шамсулло"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Боймуродов Саидмурод, Ризоев Муҳаммад, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ва дигар масъулин доир гардид. Мақсад аз баргузории фестивал – озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути Фестивал – озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи кишварро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд. Ҳунармандони ноҳия дар фестивал озмун аз рӯи 12 шарт, яъне намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», суруди ҳамсараён аккопела (бе сози мусиқӣ) дар доираи мавзӯъҳои васфи Ватан, сулҳу суботи кишвар, инъикоси меҳнати бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон, намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои имрӯза, навозиши умумӣ, рақси яккаи дорои мавзӯи мушаххас дар иҷрои зан ё мард, суруди якка бо либоси миллӣ дар иҷрои мард ё зан, навозиши якка бо сози нодири миллӣ (қонун, сато, қушнай, меҳтар, уд, арфа), бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ: шашмақом, фалак, гуруғлӣ, мадҳияхонӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, монолог дар мавзӯи доғи рӯз, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ маҳорати худро манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамон намуданд. Дар фарҷом намояндаҳои вилоятӣ баромад намуда, ба иштирокдорони фестивали мазкур баҳои баланд доданд.
Баргаштан |
17-07-2023, 15:21 |