КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД


 КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД   

        Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бобати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷомеа ба як қатор пешравиҳо ноил гашт. Дар ҷамоати мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагии ҳамаҷониба ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои ободониву бунёдкорӣ бо суръат идома доранд. Барои чароғонкунии кӯчаҳои шаҳраки Балх аз ҷумла дар кӯчаи Айнӣ то имрӯз бо маблағи 25 ҳазору 200 сомонӣ дар масофаи 600 метр бо миқдори 9 адад симчӯби оҳанин бо чароғҳояш, аз тарафи шахсони саховатпеша ва аҳолӣ дар кӯчаи Румӣ дар масофаи 3,3 км бо миқдори 63 адад симчӯби оҳанин бо чароғҳояш бо арзиши 176 ҳазору 400 сомонӣ, дар кӯчаи Сино бошад аз тарафи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва аҳолӣ дар масофаи 2,3 км бо миқдори 39 адад симчӯби оҳанин бо чароғҳояш бо арзиши 109 ҳазору 200 сомонӣ чароғон карда шудаанд. Инчунин дар давоми моҳи июли соли 2023 дар кӯчаи Балхӣ 22 адад симчӯб бо чароғҳояш насб карда шуд, ки ин иқдом дар ноҳия пешравии ҷиддиро ба амал овардааст ва ҳанӯз ин ободкориҳо идома доранд. Ҳамзамон сохтмони пули мошингузари байни ҷамоатҳои шаҳраки Балх ва Гулистон аз тарафи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ва аҳолӣ бо арзиши 120 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Амалҳои ободкорӣ аз масъулияти баланди раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ба ҳар яки мо дарак медиҳад.

 

 

 

 


Баргаштан
21-07-2023, 12:44