РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД


РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД

         Бегоҳирӯзии 26 июли соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон оид ба рафти санҷиши корҳои сохтмонӣ бо масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷамоати болозикр, раисони маҳалла ва падару модарон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ҷиҳати боздид аз корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ҷамоат, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва кумитаи падару модарон амалӣ шуда истодааст, дидан намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ба масъулин ҷиҳати омодогӣ ба оғози соли хониши 2023-2024 ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон супоришҳои мушаххас доданд. Зимни боздид бо директорони муассисаҳо ва сохмончиён суҳбат намуда, иброз доштанд, ки корҳоро бо сифати баланд ва дар вақташ ба анҷом расонанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки назоратро аз болои тозаву озода нигоҳ доштани муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоянд. Сипас ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду навоҳои дилнишину ватандӯстона хотири ҳозиринро болида гардониданд. Аксбардор: А. Шерматов


Баргаштан
28-07-2023, 14:21