ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД |
ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД Имрӯз, 28 март дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳуснигул Раҷаб, Шарофзода Гавҳар, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, вакилони ноҳиявӣ, ҷамоатҳо, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия иштирок намуданд. Вакилон қайд карданд, ки мақсади вохӯрӣ расонидани мазмуну муҳтавои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш 9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз гардида буд, мебошад. Дар раванди суҳбат бо фаъолони ноҳия намояндагони мардумӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушкилотҳои сиёсии сайёра, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфтанд.
Баргаштан |
30-03-2024, 07:09 |