ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ |
ИҶЛОСИЯИ БИСТУДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ, ДАЪВАТИ ШАШУМ Санаи 28 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакили халқи ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, имомхатибон ва раисони кумитаи маҳалла баргузор гардид. Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: 1. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 15 июли соли 2021, №877 "Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2021, №25" Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 "Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025"; 2.Ахбороти прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ "Оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар қонунвайронкунио" дар давраи соли 2023; 3. Масъалаҳои ҷорӣ. Ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум пешниҳодшуда пурра баррасӣ гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Баргаштан |
30-03-2024, 07:27 |