ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 |
Имрӯз, 19 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс Зикр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулҷаҳон Юсупова, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, ҳамчунин муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Дар идома муваққатан иҷрокунандаи вазифаи муовини якуми раиси ноҳия Ҷамолиддин Ғуломов баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар се моҳи соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия 386 миллиону 833,5 ҳазор сомониро ташкил намуд. Аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ 91 миллиону 141,5 ҳазор сомонӣ, соҳаи саноат 77 миллиону 267,7 ҳазор сомонӣ, соҳаи савдо 170 миллиону 927,7 ҳазор сомонӣ, сохтмон 12 миллиону 201,9 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 35 миллиону 294,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар се моҳи соли 2024 108 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 34 миллиону 262,1 ҳазор сомонии ба нақша гирифта шуда, 36 миллиону 986,2 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 724,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва нафақахӯрон бо музди меҳнат ва нафақа пурра таъмин гардидаанд. Бақияи қарзи андозҳои корхонаю ташкилотҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2024 маблағи 8 миллиону 005 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бақияпулиҳои андоз нисбат ба 1 январи соли равон 129,2 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат ба соҳаи мазкур шуғл варзида, асоси ғанигардонии буҷет аз соҳаи мазкур сарчашма мегирад. Дар давоми се моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 91 миллиону 141,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 873,6 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 106,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла соҳаи растанипарварӣ 5 миллиону 491,8 ҳазор сомонӣ ва чорвопарварӣ 85 миллиону 649,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Кишоварзони ноҳия соли равон бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 5964 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд. Самти дигари асосии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ин бахши чорводорӣ буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар давоми се моҳи соли 2024 саршумори чорвои калон ба 62 ҳазору 744 сар – 105,5 фоиз, чорвои майда ба 137 ҳазору 300 сар – 108,2 фоиз, саршумори паранда ба 144 ҳазору 150 сар – 102,3 фоиз, асп 1 ҳазору 875 сар – 100,1 фоиз расонида шуда, 1012 тонна гӯшт – 113,4 фоиз, 6572 тонна шир – 105,7 фоиз ва 3 миллиону 5,2 ҳазор дона тухм – 104,0 фоиз истеҳсол карда шудааст. Ба кумитаи идораи замини ноҳия дар се моҳи соли ҷорӣ 409 адад ариза ва 193 мактуб ворид шуда, баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия ҳамагӣ 3640 адад заминистифодабаранда фаъолият намуда истодааст, аз он ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ 3540, корхонаҳои хурд ва ширкатҳо 6, корхонаҳои давлатии кишоварзӣ-4, хоҷагиҳои ёрирасони давлатӣ 13 ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ 75 адад мебошад. Сипас муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс Зикр баромад намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати кишварро ба фаъолони ноҳия расониданд. Дар фарҷом раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло қайд дошт, ки меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тамоми қувваи худро баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона менамоянд. Аз рӯи масъалаи баррасишуда қарор қабул гардида, ба тамоми иштирокчиён ирсол карда шуда, иҷрои он назорат карда мешавад. Навиди Балх 19 апреля, 12:55 Кому:вам
Баргаштан |
22-04-2024, 07:26 |