УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА».


УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

      Имрӯз, 25 апрел дар кӯчаҳои Умар Хайём, Шарипов, Сино ва Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷамоати шаҳраки Балх бо иштироки сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Файзинисо, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар намояндагони ҷамоати мазкур усули «Хона ба хона» баргузор карда шуд. Дар ин рӯз оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 №АП507 дар бораи риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, худкӯшию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои зимистон ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, ба сокинон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс мебошад.

 

    


Баргаштан
26-04-2024, 08:35