ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД.


 ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

    Санаи 26 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шўро – роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия, масъулини Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва низом дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, терминалҳои мусофиркашонӣ, ронандагони мусофиркаш ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар ин замина ба сабабу шаротҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар давоми соли 2023, бахусус садамаҳои марговар дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи Шуро Прокурори ноҳия- мушовири далияи дараҷаи 2 Собирзода И.М., муовини прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Солиҳзода П., сардори ШТ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, подполковники милитсия Раҳимзода У. ва сардори ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, майори милитсия Абдураҳимзода Н. вобаста ба масъалаи баррасишаванда гузориш доданд. Дар муҳокима аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат варзиданд. Сипас раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2, Собирзода И.М. аз вазъи тамбашавии роҳҳои автомобилгарди назди бозори марказӣ терминали мусофиркашонӣ ва назди масҷидҳои ҷомеъ изҳори нигаронӣ намуданд. Аз ҷониби раиси Шӯро аъзоёни Шӯрои хамохангсозӣ, субъектони пешгирикунандаи садамаҳои роҳу нақлиёт барои ҳаракати мӯътадили воситаҳои нақлиёт, саривақт пешгири намудани ҳолатҳои баланд намудани суръати ҳаракат, дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандагон, пура таъмин намудани аломатҳои уҳдадоркунанда дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия супоришҳои мушаххас доданд. Дар охир бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбаст гардид.

 

 

 

 


Баргаштан
29-04-2024, 08:37