МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ”


 

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ”

  Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, тарафдорони махсуси худро дорад. Боиси хушнудии ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳҳои назаррас зоҳир мегарданд. Бахусус, футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шудааст. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани футбол Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардидааст. Дар ин замина санаи 3 майи соли 2024 маросими кушодашавии футболи хурд байни ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон", ки бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба роҳ монда шудааст, оғоз гардид. Тибқи Низомнома мусобиқаи мазкур то санаи 17 майи соли 2024 идома ёфта, он дар арафаи "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон" ҷамъбаст мегардад.

 

 


Баргаштан
6-05-2024, 12:11